Барф дар фасли баҳор
Рўзи 9-уми апрел ғайричашмдошт дар пойтахт ва баъзе манотиқ барф борида дар шаҳри Душанбе ҳатто баъзе дарахтон шикастанд.
Чуноне ки аз маркази ахбори фаврии Вазорати нақлиёт иттилоъ доданд, айни ҳол тамоми роҳҳо кушода буда, ҳаракати бехатари васоити нақлиёт таъмин аст. Бо заҳмати шубурӯзии роҳдорон роҳҳо сари вақт тоза гардиданд, то лаҳзае ҳам ҳаракати васоити нақлиёт банд нагардад. Тибқи дастури вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода гуруҳҳои корӣ бо роҳбарии муовинони вазир таъсис ёфта, ба минтақаҳо сафарбар гардиданд, то аз вазъи роҳҳо сари вақт бохабар бошанд.
Гарчанде барф дар пойтахт нисбат ба дигар ҷойҳо, аз ҷумла, минтақаҳои куҳсор зиёд борида бошад ҳам, роҳдоронро ҳушдор дод, ки ҳамаҷониба ба чунин ҳодисоти ғайричашмдошт омода бошанд ва техникаҳоро низ омода намоянду ҳаракати мунтазам ва бехатари васоити нақлиётро пурра таъмин намоянд.