Ифтитоҳи Эстакада дар Душанбе
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 10 июл дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд.
Эстакада дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» бунёд гардидааст.
Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад. Паҳноии роҳ ба 68 метр расонида шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хатти ҳаракат дар роҳи асосӣ бунёд гардид. Дар ин баробар сохтмони эстокадо 4 хатти иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ бунёд гардид, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамониати тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии мошинҳоро аз байн мебарад.
Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти транзитӣ беш аз 200 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд, ки наздики 80 дарсади онҳоро мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ташкил медоданд.
Лоиҳаи мазкур бо саҳмгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ гардид.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва паймонкори он Ширкати «Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Назорати сифати корҳоро дар ин лоиҳа Ширкати машваратии «Эптиса»-и Испания бар уҳда дошт. Тибқи лоиҳа, чорроҳаи хиёбони Сино, ки дар ин ҷо қаблан муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино гузошта шуда буд, пурра навсозӣ гардид.