Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 июли соли 2020 соати 14:00 дар толори Вазорати нақлиёт баргузор мегардад
МАЪЛУМОТ
ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2020
ҲАМЛУ НАҚЛ ТАВАССУТИ ҲАМА НАМУДҲОИ НАҚЛИЁТ
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2020 тавассути ҳама намуди нақлиёт 38790,2 ҳазор тонна бор, аз ҷумла бо нақлиёти автомобилӣ 35762,7 ҳазор тонна (92,2%), роҳи оҳан 3027,2 ҳазор тонна (7,8%) ва нақлиёти ҳавоии ватанӣ 326 тонна бо гардиши умумии 3341,7 млн. тонна/км ва 296018,8 ҳазор мусофир, аз ҷумла бо нақлиёти автомобилӣ 287227,9 ҳазор мусофир (97,0%), барқӣ 8441,3 ҳазор мусофир (2,9%), роҳи оҳан 202,0 ҳазор мусофир (0,07%) ва ҳавоии ватанӣ 147,6 ҳазор мусофир (0,05%) бо гардиши 3429,6 млн. мусофир/км интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 дар умум боркашонӣ 96,7%, гардиши бор 99,8%, мусофирбарӣ 88,3% ва гардиши мусофирон 76,9%-ро ташкил дод.
НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ ИСТИФОДАИ УМУМ
Ба ҳолати 01.07.2020с. дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ 1674 субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла 221 корхонаҳои нақлиётӣ автомобилӣ (81 адад мусофирбар, 104 адад боркаш ва 36 адад омехта (боркашу мусофирбар), 51 терминали мусофирбарӣ, 11 терминали боркашонӣ, 1314 нуқтаи таъмир ва хизматрасонии техникии таъмири нақлиёт ва 77 қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ, инчунин 886 хатсайри мусофирбарӣ (180 шаҳрӣ, 571 наздишаҳрӣ, 118 байнишаҳрӣ ва 17 байналмилалӣ (муваққатан фаъолият намекунанд) ба қайд гирифта шудаанд.
Тавассути нақлиёти автомобилӣ дар ин давра 11 млн. 549 ҳазор тонна бор бо гардиши 2067,1 млн. тонна/км ва 292 млн. 283,7 ҳазор мусофир бо гардиши 2632,8 млн. мусофир/км интиқол дода шуд.
Интиқоли бору мусофирон дар самти байналмилалӣ тариқи 18 гузаргоҳи Сарҳадӣ давлатӣ пешбинӣ шуда, айни замон бо сабабҳои пешгирии бемории сироятии СOVID-19 тариқи 6 гузаргоҳ ҳамлу нақл ба роҳ монда шуд.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ дар ин давра ба 73 ҳазору 1 тонна баробар шуда, нисбат ба нимсолаи якуми соли 2019, 53% зиёд мебошад.
Дар ин давра назорати ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар шароити пандемияи сирояти коронавирус “СOVID-19” бо мақсади пешгирии паҳншавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои таъмини бемамонияти воридот, содирот ва транзити молу маҳсулот тавассути нақлиёти автомобилии байналмилалӣ тибқи протоколҳои машварати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 март (№№1к/25-2), 2к/20-25) Вазорати нақлиёт «Тартиби муваққатӣ оид ба танзими ҳамлу нақли байналмилалии воситаҳои нақлиёти боркаши автомобилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус «СOVID-19»-ро таҳия намуда, дар якҷоягӣ бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, хадамоти гумрук ва Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки мавриди амал қарор дорад ва тибқи он интиқоли мунтазами байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ таъмин карда шудааст.
НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАН
Тавассути нақлиёти роҳи оҳан 3027,2 ҳазор тонна бор бо гардиши 130,5 млн. тонна/км ва 202 ҳазор мусофир бо гардиши 9,6 млн. мусофир/км интиқол дода шуда, нисбат ба нимсолаи якуми соли 2019 боркашонӣ 15,6% ва гардиши бор 29% зиёд, мусофирбарӣ 78,6% ва гардиши мусофир 72,7%-ро ташкил намуд.
Коҳишёбии нишондиҳандаҳои мусофирбарӣ ва гардиши он аз ҳисоби қатъ гардидани ҳаракати қатораҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ аз ба самти Россия ба амал омадааст.
Аз ҳаҷми умумии боркашонӣ содирот 516,2 ҳазор тонна (аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ 66 ҳазору 197 тонна) ва воридот 2212,8 ҳазор тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 содирот 97% (содироти маҳсулоти кишоварзӣ 119%) ва воридот 114,3%-ро ташкил медиҳад.
Соли ҷорӣ низ ҷиҳати дастгирии мизоҷони ватанӣ ва зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзи, вобаста ба намуди борҳо, маҳсулот ва истгоҳҳои содироти бор тахфифҳо аз 30 то 80% пешниҳод гардидаанд.
Дар роҳи оҳан 6 хатсайри мусофирбарӣ, аз ҷумла 3 хатсайри байналмилалӣ (Душанбе-Москва, Кӯлоб-Москва ва Хуҷанд-Москва) ва 3 хатсайри дохилӣ (Душанбе-Пахтаобод, Душанбе-Бохтар-Кӯлоб ва Душанбе-Бохтар-Хушодӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Соли ҷорӣ низ мусофироне, ки пешакӣ билет мехаранд аз 25% то 45 % ва дар самти дохилии Душанбе – Кӯлоб ва Душанбе – Хушодӣ 60% сабукиҳо пешниҳод гардидааст.
Ба ҳолати 01.07.2020с. дар мувозинаи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 2057 вагони боркаш, 420 вагони мусофирбар ва 42 локомотив мавҷуданд, ки аз онҳо 1487 вагони боркаш (72,3%), 138 вагони мусофирбар (32,8%) ва 29 локомотив (69,0%) коршоям мебошанд.
Вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо мақсади навсозии парки вагонҳои мусофирбару боркаш лоиҳаҳои сармоягузорӣ «Оид ба харидорӣ намудани 1000 вагонҳои боркаш ва 30 вагони мусофирбар»-ро таҳия намуда, барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ ва муаррифӣ ба шарикони рушд ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод намудааст.
Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар ин давра пули маҳалаи 103-и хиёбони Б.Ғафурови шаҳри Душанбе таъмиру азнавсозӣ гардида, 30 апрели соли 2020 ба истифода дода шуд.
ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ
Имрӯзҳо бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 623 млн. 246 ҳазор доллари ИМА тибқи Созишномаҳои қарзию грантӣ ва 509 млн. 751,8 ҳазор доллари ИМА тибқи Қарордодҳои имзошуда, аз ҷумла кӯмаки бебозгашт ва техникӣ 203 млн. 809,5 ҳазор доллари ИМА (32,7%), қарзи беруна 355 млн. 856,5 ҳазор доллари ИМА (57,1%) ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 млн. 580 ҳазор доллари ИМА (10,2%) мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.
Дар ин давра корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода, қитъаи роҳ аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии ш.Душанбе (ғайр аз чорроҳаи шаҳраки 82)” ба маблағӣ 55,0 млн. доллари ИМА, ки сохтмонаш моҳи марти соли 2018 оғоз шуда буд, ба анҷом расонида шуда, санаи 10 июли соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаҳои татбиқшудаистодаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар марҳилаҳои якум ва дуюм, сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои Кӯлоб — Ш.Шоҳин (А) ва Шкев-Қалъаихумб (F), “Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок” ва лоиҳаи “Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ (сохтмони пулҳо дар ВМКБ)” тибқи нақшаҳо идома доранд.
Айнӣ замон, ҷиҳати татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди “Обигарм-Нуробод” ширкатҳои машваратчӣ муайян гардида, раванди интихоби пудратчӣ идома дорад.
Дар лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар, қитъаи Қизилқалъа — Бохтар низ ширкати машваратчӣ интихоб гардида, интихоби пудратчӣ бинобар сабаби пандемияи СОVID19 ба муҳлати номуайян ба таъхир гузошта шуд.
Ҳамзамон оид ба ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади н.Рӯшон, Лаби Ҷар-Қалъаихумб, Гулистон-Фархор-Панҷ-Дустӣ, Бохтар-Данғара-Гулистон, Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт ва лоиҳаҳои рушди Роҳҳои Алоқа дар Осиёи Марказӣ-РАОМ-4 ва РАОМ 5, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули н.Фархор, лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшаноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ нақби “Истиқлол” ва дигар лоиҳаҳо корбарӣ бо шарикони рушд идома дорад.
Дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1488 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки аз ин 1275 нафар (85,7%)-ро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Сохтмони асосӣ
Дар соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосӣ барои 35 иншоот 21 млн. сомонӣ аз буҷети ҷумҳурӣ пешбинӣ шуда, дар ин давра дар 28 иншоот ба маблағи 8 млн. 279,9 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардида, сохтмони ду бинои муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳо пурра ба анҷом расонида шуд.
Корҳои лоиҳакашӣ
КВД “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”-и Вазорат дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи 3152,4 ҳазор сомонӣ дар 16 иншоот корҳои лоиҳакашию кофтуковӣ (10 адад), озмоишӣ (3 адад) ва назорати муаллифӣ (3 адад) иҷро гардидаанд, ки дар 9 адад иншооти болозикр корҳо пурра ба анҷом расида, супорида шуданд. Корҳои иҷрошуда нисбат ба нақшаи нимсолаи якуми соли 2020-ум 105,1% ва ҳамин давраи соли 2019, 87%-ро ташкил мекунад.
НИГОҲДОРИИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД
Соли 2020 барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 70,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла 31,9 млн. сомонӣ (45,2%) барои музди меҳнат ва 38,6 млн. сомонӣ (54,8%) барои нигоҳдории роҳҳо пешбинӣ гардидааст.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 28 млн. 407,0 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 6 млн. 508,8 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру нигоҳдорӣ иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 буҷети ҷумҳуриявӣ 4,5% кам, буҷетҳои маҳаллӣ қариб 2 маротиба зиёд мебошад.
Ғайр аз ин, тибқи маълумотҳои ширкатҳою соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 28 млн. 561,9 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 1,8 маротиба зиёд мебошад.
НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ин давра 725 адад иҷозатнома, аз ҷумла ба нақлиёти автомобилӣ 640 адад, корхонаҳои нақлиётӣ 50 адад, хоҷагии роҳҳо 28 адад ва роҳи оҳан 7 адад иҷозатнома дода, муҳлати амали 397 адад иҷозатномаро тамдид намудааст. Айни замон, 5188 адад иҷозатнома мавриди амал қарор дорад, ки аз ин ба нақлиёти автомобилӣ 4799 адад, хоҷагии роҳҳо 297 адад ва роҳи оҳан 92 адад рост меояд.
КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар ин давра 66604 адад сертификати баркашии воситаи нақлиёти автомобилӣ, 314 адад сертификати мутобиқати кору хизматрасонии соҳаи нақлиёт ва 2202 адад сертификати салоҳиятнокии касбӣ додааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2019 сертификати баркашии воситаи нақлиёт 97%, сертификати мутобиқати кору хизматрасонии соҳаи нақлиёт 151%, ва сертификати салоҳиятнокии касбӣ 55,6%-ро ташкил доданд.