МУРОҶИАТНОМАИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ

МУРОҶИАТНОМАИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ

Ҳамватанони азиз!

Тавре ба ҳамаи Шумо маълум аст, муддати чанд соли охир тавассути ба истифода додани иншооти нави соҳаи энергетика мушкилиҳои мардум оид ба таъмин ба қувваи барқ осон гардидаистодааст. Дар давраҳои  истиқлолият солҳое буданд, ки сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳамаги ду соат барқ мегирифтанд, вале аз 14- уми январи соли 2017 мо маҳдудияти таъмини  нерӯи барқро пурра бардоштем ва то имрӯз мардуми Тоҷикистон 24 соат бо нерӯи барқ таъмин мебошанд. Гармшавии иқлим ва қариб 50 фоиз кам будани ҳаҷми боришоти барф, ки дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуқуд омад, боиси он гардид, ки имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст. Дар кишвар 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебаранд. Бо ҳамин мақсад Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд.

 Мо имрӯз ҳатто маҷбур шудем, ки новобаста аз шартномаҳои байнидавлатӣ интиқоли барқро ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон қатъ намоем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи  сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки вазъиятро дуруст фаҳманд ва ин ягона роҳест, ки метавонад моро дар фасли зимистон аз мушкилӣ раҳонад. Бо дар назар доштани вазъияти баамаломада ҳар як шаҳрванд, ҳар оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи барқро таъмин намоянд. Мардуми мо хуб медонанд, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои худро дорад. Яъне мо имрӯз метавонем бо истифодаи  сарфакоронаи нерӯи барқ обанборро пур намоем ва  мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистодаро пешгирӣ кунем. Ҳукумати мамлакат ба маълумоти  мардуми шарифи Тоҷикистон мерасонад, ки тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, то сокинони кишвар дар фасли тирамоҳу зимистон азият накашанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *