Ба хунукназарӣ роҳ набояд дод

Ба хунукназарӣ роҳ набояд дод

Ҳафтаи равон таҳти раёсати муовини аввали  вазири нақлиёт Бобозода Раҳим бо иштироки муовини вазир Шуҷоат Сироҷов сардорони раёсатҳои вазорат, сардорону масъулини корхонаву идораҳои хоҷагии роҳҳо ва дигар корхонаҳои зерсохтори маҷмааи нақлиёт ҷаласаи ситод оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199, “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” баргузор гардид.

         Муовини аввали вазир масъулини идораву корхонаҳои зерсохторро муввазаф сохт, ки то муҳлати муайянгардида нақшаи тасдиқгардида бояд ба пуррагӣ иҷро гардад. Номбурда ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки баъзе муассисаҳои роҳдорӣ ба ин масъала хунукназарӣ зоҳир намуда, то ҳанўз ҳам дар ин самт корҳо иҷро нанамудаанд, ҳоло он ки барои роҳдорон масъалаи омодагӣ ба зимистон бояд дар мадди аввал бошад. Аз ин рў Бобозода Раҳим ба масъулон дастуру супоришоти мушаххас дод ва аз ҷумла таъкид намуд, ки масъулин бояд барои иҷрои саривақтии нақшаи тасдиқгардида чораҳои зарурӣ бинанд. Ба масъулини Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дастур дода шуд, ки оид ба рафти иҷрои қарори мазкур дар корхонаву идораҳои зерсохтори вазорат санҷиш гузаронида, аз натиҷаи он ба вазорат маълумот ирсол намоянд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *