Вохӯрии вазири нақлиёт бо Сафири Ҷопон
Рӯзи 2-уми октябри соли равон вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳури Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюта Мияшита мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиётро мавриди муҳокима қарор доданд.
Вазир аз ҳамкорӣ бо Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт изҳори қаноатмандӣ намуда, ёдовар шуд, ки Ҳукумати Ҷопон тариқи Сафорати Ҷопон дар ҶТ ва Агентӣ оид ба ҳамкорҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар рушди соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ саҳми калон дорад.
Вазири нақлиёт масъалаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Бохтар- Қизилқаъларо ба миён оварда, қайд кард, ки сохтмони роҳ ҳар чӣ зудтар бояд оғоз шавад.
Сафири ҷопон низ аз ҳамкориҳо бо соҳаи нақлиёти кишвар ва масоили вобаста ба ҳамкориҳо бо JICA ҳарф зада, изҳор дошт, ки баъзе масъалаҳо бо сабаби маҳдудияти рафтуомад дар робита бо пандемияи COVID -19 ба таъхир афтодаанд ва бо бартараф гардидани ин маҳдудиятҳо кор пеш хоҳад рафт.
Ҷонибҳо аз густариши боз ҳам зичтари ҳамкориҳо изҳори боварӣ намуданд.