Табрикоти вазири нақлиёти кишвар ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам ҳамкасбон, кормандони шарафманди маҷмааи нақлиёт!
Ҳамаи Шуморо бо 26 – умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — роҳнамои тоҷикистониён, самимона табрику таҳният намуда, таманно дорам, ки дар доираи риояи ҳар банди ин Бахтномаи миллат озоду осуда бошеду ҳамеша сулҳу амният дар кишвари азизамон пойдору кулли шаҳрвандон хушиқболу хонаобод ва сарбаланду некном бошанд!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё эътироф шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияро қонуни олии кишвар барои ҳимояи ормонҳои халқ номидаанд: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».
Дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ гардид ва дар муддати кӯтоҳтарин бо ташаббуси Сарвари хирадманд ва оқили кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи олимон ва ҳуқуқдонҳо гуруҳи корӣ таъсис ёфта, лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуд.
Лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми апрели соли 1993 омода гардид ва бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод ва аз ҷониби шаҳрвандон 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд.
Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи давлату миллати моро муқаррар мекунад. Тибқи моддаи 6-ум, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Намунаи олӣ ин аст, ки имрӯз халқ Сарвари давлатро интихоб менамояд ва дар мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ вакилони худро интихоб карда, дар идоракунии давлат бевосита ё бавосита иштирок менамояд. Иштироки фаъолонаи мардуми кишвар дар интихоби вакилон ба парлумони кишвар моҳи март ва интихоботи Президенти кишвар 11 октябри соли равон доир гардида, нишонае аз соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқбунёдӣ дар кишвар аст, ки онро Конститутсия муҳайё намудааст.
Бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон таҳаввулоти бузург ба вуҷуд омад. Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.
Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон далели ин гуфтаҳост.
Барои амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи имрӯзаи мо бояд маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон боло бурда шавад. Ба мушоҳида мерасад, ки имрӯз нисбат ба солҳои қаблӣ мардуми Тоҷикистон фаъол шуда, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқиашон низ ба таври назаррас боло рафтааст.
Дар 10 боб ва 100 моддаи Конститутсия тамоми паҳлуҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Конститутсия бори дигар аз соҳибистиқлолии комили давлат ва миллати тоҷик ба ҷаҳониён мужда расонд ва он танзимгари муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошад.
Бо шарофати Конститутсия шаҳрвандон тавонистанд якчанд маротиба дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар иштирок ва онҳоро интихоб намоянд. Маҳз дар Конститутсия унсурҳои асосии давлатдории муосири Тоҷикистон, махсусан демократия, соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягонагӣ ва иҷтимоӣ муайян гардида, он ба рамзи ягонагии миллати тоҷик, баҳамоии қишрҳои гуногуни ҷомеа, марҳилаи нави бунёди давлати миллии тоҷикон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу субот, оромию осудагӣ ва саҳифаи нави таърих табдил ёфтааст.
Конститутсия дар рушди давлатдории миллии тоҷикон нақши муассир дорад, бинобар ин, эҳтироми Конститутсия ва арҷ гузоштан ба он бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Зеро таҷассумгари моҳияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии давлат аст.
«Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем!» — омадааст дар сафҳаи аввали Конститутсия ва вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки ин гуфтаҳоро дар амал татбиқ ва риоя намоем.
Поянда бод, Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!