Кор дар лоиҳаҳо ҷонок карад шавад
Рӯзи 11-декабри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёти ҶТ Шӯрои илмӣ –техникӣ баргузор гардид, ки дар он рафти кор дар лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар марҳилаи 2» (равшаннамоии роҳии кӯчаҳо, бунёд намудани хатҳои ҷудокунандаи байни роҳу пиёдароҳҳо ва бунёд намудани гузаргоҳи рӯизаминӣ дар км 40-950) ва лоиҳаи «Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» (тағйир додани макони ҷойгиршавии сохтмони долони зиддитармавӣ аз км 69+350 ба км 72+700) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, кормандони марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳо, пудратчиёну шарикони Рушд ва дигар мутасадиён иштирок доштанд.
Вазири аз мутассадиён иҷрои корҳоро талаб намуда, қайд кард, ки масъалаи сохтмони роҳу пулҳо ва инфрасохтори роҳҳо ҳамеша зери назорати Ҳукумати кишвар ва Вазорати нақлиёт қарор дорад ва шуморо зарур аст, ки ба ин кор аҳамияти ҷиддӣ диҳед.
Вазир рафти татбиқ ва иҷрои корҳо дар лоиҳаҳоро аз ҳар як мутасаддӣ пурсон шуд.
Сипас, гузориши масъулини кор бо мутасаддиёни лоиҳа шунида шуд ва вазир ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва таъмини иҷрои саривақтию босифати корҳои таҷдиду сохтмонӣ ба роҳбарони лоиҳаҳо, паймонкорон ва машваратчиён дастуру супоришҳои мушаххас дод.