ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 642 АЗ 14.12.2020

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 642 АЗ 14.12.2020

Дар   бораи  ворид   намудани   тағйирот  ба   қарори Раиси  шаҳри  Душанбе аз 23  июли соли 2009,  №374

Бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва иҷрои бандҳои 1, 2 ва 3 Нақша — чорабиниҳо оид ба низом даровардани фаъолияти нақлиёти мусофирбарӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бо инобати риояи талаботи Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 20 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

    1.Ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 июли соли 2009, №374 «Дар бораи таъмини фаъолияти бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда» тағйиротҳои зерин ворид карда шавад:

— дар банди 1 калимаҳо ва рақамҳои «30 июли соли 2009» ба калимаҳо ва рақамҳои «1 январи соли 2021» иваз карда шавад;

— сархати 1 банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад;

— «шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод, шаҳри Роғун, водии Рашт ва минтақаи Кулоби вилояти Хатлон тавассути дарвозаи шарқӣ бо ҷойгиршавиашон дар терминали мусофирбарии «Шарқ — Транс» муайян намуда, нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии  №№18, 39 ва хатсайрҳои автобусии №№2, 4, 7 ва 43 терминали мазкур муқаррар карда шаванд»;

— сархати 3 банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад;

 — «ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон тавассути дарвозаи ҷанубӣ бо ҷойгиршавии онҳо дар терминали мусофирбарии ҶСП «Тоҷиквнештранс» муайян ва терминали мазкур нуқтаи охири хатсайрҳои дохилишаҳрии микроавтобусии  № №3, 5А, 33, 42, 56, 81, 88 ва хатсайрҳои автобусии №№1, 2 ва 43 муқаррар карда шаванд».

  1. Дар банди 2 қарори мазкур калимаҳо ва рақамҳои «№13, Мактаби №61- маҳаллаи Дилшод» ба калимаҳо ва рақамҳои «хатсайри автобусии №11» ва «аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 то Маркази савдои «Балх» иваз карда шаванд.
  2. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма васеъ ба роҳ монанд.
  3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

                                                            Рустами  Эмомалӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *