Баимзорасии қарордод

Баимзорасии қарордод

 Қарордоди анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Фароб»- и Ҷумҳурии Исломии Эрон  ба имзо расид.

Маросими баимзорасии Қарордоди мазкур рӯзи 20- уми январи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он масъулини Вазорати нақлиёт, ширкати «Фароб» ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд.

Нахуст вазири нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи тӯлонӣ ва судбахш миёни кишварҳои Тоҷикистону Эрон суханронӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки татбиқи лоиҳа ва анҷоми саривақтӣ ва хушсифати кор дар он давоми мантиқии ин ҳамкориҳои судбахш миёни кишварҳо хоҳад буд.

Зимни маросим ҳамчунин Сафири Фавқулода ва мухтори  Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ,  муовини Раиси ширкати «Тавсеаи  манобеи об ва неруи Эрон» Беҳрузи Муродӣ, Раиси ширкати «Фароб» Алӣ Вакилӣ  аз ҳамкориҳои давлатҳои дусту бародар ҳарф заданд.

Сипас, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси  Ширкати «Фароб» Алӣ Вакилӣ  Қарордодро имзо намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *