Дар Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ доир шуд
18-уми феврали соли равон тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Хадамот бо иштироки муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук — Турсунзода Азим Ҳайдар, муовинони сардори Хадамоти гумрук ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии хадамоти гумрук ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.
Дар нишаст 31 намояндаи расонаҳои иттилоотии дохиливу хориҷии кишвар, радиоҳои «Ховар», «Радиои Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», «Радиои бурунмарзӣ», «Радиои Озодӣ», нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози», «Минбари халқ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Азия плюс», «Фараж», оҷонсиҳои иттилоотӣ ва хабаргузориҳои «Ховар», «Авесто», «Спутник», «Мир», «Россия сегодня», «Агентии Рейтер», намояндаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти мақомоти гумрук ба саволҳои худ посухи дақиқ гирифтанд.
Инчунин, дар нишасти матбуотии доиргардида хабарнигорони барномаҳои иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоннамо», «ТВ Душанбе» ва «Мир» иштирок намуданд.
Сараввал муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ. зимни сухани ифтитоҳӣ иттилоъ дод, ки вобаста ба самтҳои муҳими соҳа ва фаъолияти хадамот дар соли 2020 варақаи иттилоотӣ таҳия шуда, се рӯз қабл аз нишасти матбуотӣ расман дар сомонаи расмии Хадамоти гумрук (https://gumruk.tj, https://tamognia.tj) бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ интишор гардида, дар рафти нишаст нусхаи чопии он дастраси иштирокдорони аҳли нишаст гардонда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби рӯзноманигорон як қатор саволҳо вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 пешниҳод гардид, ки аз ҷониби муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ. посухҳои мушаххас дода шуд.