Ҷаласаи Ҳайати Мушовара дар Вазорати нақлиёт

Ҷаласаи Ҳайати Мушовара дар Вазорати нақлиёт

 Санаи 9 апрели соли 2021 дар толори Дастгоҳи  марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати Мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои нақлиёт дар семоҳаи якум ва вазифаҳо барои  нимсолаи якуми соли 2021 баргузор гардид.

      Дар ҷаласаи мазкур аз сохтори Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Исоҷон — Сардори раёсати рушди инфрасохтори, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Музафар, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарова Рисолат, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Сафаралӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадфариди Муҳаммадюсуф, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳамидзода Зафар, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Ҷовидон, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Саидмумин, Директори КВД “Душанбенақлиётхадамотрасон”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ғаниев Ҳамзаалӣ ҳузур доштанд.

      Ҷаласа таҳти роҳбарии вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҷараён гирифта, дар он масъалаҳои асосии рушди соҳа ва мушкилоти ҷойдошта мавриди барасӣ қарор гирифтанд. Вазири нақлиёт ба масъулини соҳаҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас доданд. Сипас Қурбонзода Исоҷон ҷиҳати пешрафти кор ва баъзе мушкилоти ҷойдошта ба масъулин дастурҳо доданд.

      Дар фарҷоми ҷаласа лоиҳаи қарори ҷаласаи ҳайати мушовара бо дарназардошти пешниҳодҳои баромадкунандагон қабул гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *