Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории механизми муштарак дар робита ба таъмини интиқоли бемамонияти бор тавассути гузаргоҳи марзии “Кулма — Қаросу”
Санаи 27 апрели соли 2021 байни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории механизми муштарак дар робита ба таъмини интиқоли бемамонияти бор тавассути гузаргоҳи марзии “Кулма — Қаросу”, инчунин пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад ба таври маҷозӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ, ҳайати Тоҷикистонро, ки иборат аз намояндагони вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти гумрук ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт буд, Вазири нақлиёт – Азим Иброҳим ва ҷониби Хитойро муовини Раиси ноҳияи Мухтори Синзян Уйғур – Чжао Цунцзю роҳбарӣ намуданд.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо рафти иҷрои мувофиқаҳои ҷаласаи қаблии Гуруҳи корӣ аз 9 марти соли 2021, фаъолияти кунунии гузаргоҳи марзии “Кулма — Қаросу” ва истифодабарии мақсадноки вақти корӣ дар гузаргоҳ, риояи ҳатмии пешгирӣ ва назорати эпидемия, таъмини интиқоли бемамонияти бор тавассути ин гузаргоҳ, истифодабари контейнерҳои ба талабот ва стандартҳо ҷавобгӯ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд аз рӯи нақшаи якҷоя, истифодабари ядак ва нимядак дар қатори контейнерҳо, зиёд намудани иқтидори гузариш тавассути гузаргоҳи “Кулма — Қаросу” ва дигар масъалаҳои ҷойдошта ва ҳалталабро баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои ҷойдошта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таъмини ҳамлу нақли мунтазам ва самарабахш тавассути гузаргоҳи “Кулма — Қаросу”, интиқоли саривақтии молҳои ниёзи мардум ва ба иншоотҳои стратегӣ нигаронидашуда, дар ҳамбастагӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Дар ин замина, пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ ва дар қатори контейнер истифодабарии ядак ва нимядак аз ҷониби ҳайати Хитой пазируфта шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт тадбирҳои иловагиро меандешанд.