Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Қабл аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба муҳтарам Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Имрон Хон, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Исломии Покистон барои даъват ба кишвари зебоманзари Покистон ва пазироии гарму самимӣ сипоси амиқи хешро иброз намоям.

Мулоқоти имрӯзаи мо бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон чун анъана дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми комил сурат гирифтанд.

Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокироти имрӯзаи сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ менамояд.

Зимни суҳбати хосса ва музокироти созанда бо иштироки ҳайатҳо мо ҷанбаҳои умдаи муносибатҳои Тоҷикистону Покистонро дар самтҳои мухталиф баррасӣ карда, яксон будани мавқеи ҷонибҳоро доир ба аксари  масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба таъкид намудем.

Мо ба густаришу тавсеаи ҳамкориҳои мутаносибан судманди байни ду кишвари дӯст, ки дар ҳолати рушди бомаром қарор доранд, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем.

Омодаем, ки ҷиҳати пешбурди минбаъдаи онҳо тамоми воситаҳои заруриро бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳарду кишвар истифода барем.

Тоҷикистон кишвари дӯсти Покистонро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Мо аз раванди тамосҳои сиёсии доимии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ ва савияи кунунии эътимоди комил байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Бастаи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, ки имрӯз ба имзо расиданд, асосҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро боз ҳам таҳким бахшида, ҷиҳати пешбурди онҳо заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меоваранд.

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ яке аз ҳадафҳои муҳимму муштараки ҷонибҳост.

Нақши фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар ин раванд муҳим арзёбӣ гардид.

Дар ин росто, мо аҳаммияти беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақимро ба бахшҳои мухталифи иқтисодиёт таъкид кардем.

Ҳамзамон бо ин, нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш додани ҳаҷми табодули молу маҳсулот миёни ду кишвар таъкид гардид.

Ҷонибҳо дар зарфи се соли охир ташкил гардидани чор намоиши молу маҳсулоти Покистонро дар Тоҷикистон ва мунтазам барпо намудани намоиши “Истеҳсоли Покистон” дар Душанберо бо қаноатмандӣ зикр карданд.

Мо ба мувофиқа расидем, ки механизмҳои доимамалкунандаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар, аз ҷумла Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, инчунин  Гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохторро баъди коҳиш ёфтани таъсири пайомадҳои ҳамагирии КОВИД-19 аз нав фаъол гардонем.

Дар соҳаи энергетика ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии хешро ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои судманди миёни ду кишвар дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, бахусус дар доираи лоиҳаи КАСА-1000 изҳор намуд.

Мо омодагии худро ҷиҳати тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, хоссатан ҷиҳати баромадани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Покистон — Қарочӣ ва Гвадар изҳор намудем.

Инчунин, масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин ҷода Тоҷикистон алоқаманди пайвастан ба долонҳо ва лоиҳаҳои нақлиётии минтақавӣ мебошад.

Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи саноат муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба фаъолияти ширкатҳои покистонӣ дар соҳаи саноати сабуки кишвари худ зикр намуд.

Бо дарназардошти таҷрибаи ғании кишвари дӯст дар ин самт, мо пешниҳод намудем, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвари мо барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ширкатҳои муштарак таъсис дода шаванд.

Мо ҷониби Покистонро бо фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шинос кардем.

Ҷонибҳо аз тақвияти пайвастаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва тиб изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар самти таҷдиди сохтори муассисаҳои тандурустӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маводи доруворӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи покистонӣ, ҳамчунин ташкил ва расонидани кумаки тиббию санитариро дар рафъи ҳолатҳои фавқулода таъкид намуд.

Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаи кишоварзӣ заминаву имкониятҳои хуби ҷуғрофӣ дошта, метавонанд дар самти ҳифзи амнияти озуқавории худ ва таъмини минтақа бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ҳамкориҳояшонро тавсеа бахшанд.

Ҳозирини гиромӣ,

Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир бо хатару таҳдидҳои худ моро водор месозад, ки барои раҳоӣ ёфтан аз мушкилиҳои печидаи он дар ҳамбастагӣ амал намоем.

Мо дастгирии худро аз талошҳои пайвастаи Покистон ба хотири таъмини сулҳу субот дар минтақа ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ таъкид намудем.

Мо ба мувофиқа расидем, ки шарикии худро дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ идома мебахшем.

Зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққати мо қарор дошт.

Ҷонибҳо ба ҳамкориҳои муштарак дар эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Мо, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдорем.

Аз ин лиҳоз, ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим арзёбӣ мегардад.

Тоҷикистон аз роҳандозии ҳамагуна тарҳҳо, ки барои рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон зарур аст, истиқбол менамояд.

Дӯстони азиз,

Мо аз ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмонои ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намудем.

Мавриди зикр аст, ки имсол Тоҷикистон раёсати Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ӯҳда дорад ва моҳи сентябри соли равон дар пойтахти кишвари мо ҷаласаи ҷашнии ин Созмон доир мегардад.

Дар ин росто мо даъвати худро аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Имрон Хон ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон дар ин давра ва иштирок дар ин нишасти  Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмон таъкид кардем.

Дар баробари ин, мо аз Ҷаноби Олӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар вақти барояшон муносиб даъват ба амал овардем.

Ба ҳамаи ҳозирини гиромӣ тансиҳативу муваффақиятҳо ва ба мардуми дӯсти Покистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам.

Ташаккур.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *