Вохӯрии Вазири нақлиёт бо шарикони Ҳиндустонӣ

Вохӯрии Вазири нақлиёт бо шарикони Ҳиндустонӣ

Чанде қабл дар бинои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо Котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикитсон Ҷагдип Капур ва роҳбари ширкати роҳҳои сарҳадии Ҳиндустон Амит Горей баргузор гардид.

         Маврид ба зикр аст, ки ин ширкати Ҳиндустонӣ дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон масъули “Сохтмони роҳи автомобилгард аз дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут”-ро ба ӯҳда дорад. Дарозии умумии ин қитъаи роҳ 9,2 км-ро ташкил дода дар он сохтмони як адад купрук аз болои канали Ҳисор бо дарозии 42,7 метр, як адад сохтмони гузаргоҳ бо дарозии 175,1 м аз болои стансияи роҳи оҳани Душанбе-2, ду адад роҳҳои ҳалқавӣ, 39 адад иншооти сунъии хурд ва дигар шабакаҳои муҳандисӣ ба нақша гирифта шудааст.

         Роҳбари ширкати Ҳиндустонӣ иттилоъ доданд, ки ин аввалин лоиҳаест, ки дар самти сохтмони роҳҳои автомобилгард онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда истодаанд ва маврид ба зикр аст, ки аз оғози лоиҳа то имрӯз корҳои омодасозии асоси роҳ барои пӯшонидани асфалт асосан ба анҷом расонида шуда 15% қитъаи роҳи банақшагирифташуда асфалтпуш карда шудааст. Бо мақсади сари вақт ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ширкати ҳиндустонӣ пешниҳод намуд, ки мушкилотҳои вобаста ба бартараф кардани монеаҳои мавҷуда бояд ҳарчи зудтар аз тарафи масъулин бартараф карда шаванд.

  Вазири нақлиёт пешниҳодҳои ширкати ҳиндустониро вобаста ба мушкилотҳои татбиқи лоиҳа қабул намуда қайд намуданд, ки дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати бартараф кардани онҳо дар кутоҳтарин муҳлат чораҳои тахассусӣ хоҳад андешид.

  Вазири нақлиёт изҳор намуд, ки ҳавасманди ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмони дар ин қитъаи роҳ мебошанд, аммо вусъат бахшидани корҳо набояд ба сифати иҷрои корҳои банақшагирифташуда таъсири манфӣ расонад. Ҳамзамон Тарафҳо вобаста ба арзиши лоиҳа ва имкониятҳои масрафи сармоя изҳори ақида намуда ба хулосае омаданд, ки айни замон пешгӯи кардани ҳаҷми сармояи масрафшаванда имкон надорад ва ин баъди 80% анҷом додани корҳои лоиҳавӣ имконпазир мегардад.

  Қайд карда шуд, ки дар ҳолати масраф гардидани сармоя он аз ҷониби ширкати ҳиндустонӣ барои таъмири дигар роҳҳои атрофи шаҳри Душанбе истифода хоҳад шуд. Маврид ба зикр аст, ки татбиқи лоиҳа ноябри 2020 оғоз гардида анҷоми он ноябри соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.

  Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини эҳтироми тарафайн сурат гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *