Азим Иброҳим ва Муҳаммад Довуд Султонзуй бо мақсади рушди тиҷорат соддагардонии раванди ҳамлу нақли байналмилалиро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Шаҳрдори Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй дар мулоқоташон бо мақсади рушди тиҷорат, тадбирҳои заруриро дар самти содда гардонии раванди ҳамлу нақли байналмилалӣ, тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мусоҳибон зимни вохӯрӣ аз ҳамкории дуҷониба байни ду кишвари ҳамҷавор изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки барои густариши ҳамкорӣ ва мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Афғонистон чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Тибқи хабари манбаъ мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Шаҳрдори шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй ва ҳайати ҳамроҳони вай дар фазои дӯстиву бародарӣ сурат гирифт.