Сохтмони қитъаи “Қизилқалъа-Бохтар” шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар” аз санаи 01.07.2021 расман оғоз мегардад.

Сохтмони қитъаи “Қизилқалъа-Бохтар” шоҳроҳи “Душанбе-Бохтар” аз санаи 01.07.2021 расман оғоз мегардад.

Чанде қабл дар бинои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми назорати сифат бо иштироки Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, роҳбарони ширкатҳои машваратии ҷопонии “CTI”, Пудратчии сохтмони роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа-Бохтар” “Dai Nippon Construction”, роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон “JICA” дар Тоҷикистон ва масъулини вазорат баргузор гардид.

    Қайд карда шуд, ки ҷаласаи мазкур бо мақсади табодули маълумот оид ба корҳои анҷомдодашуда, мушкилотҳои мавҷуда, роҳҳои бартараф кардани онҳо,  таъмини сифат ва иҷрои саривақтии корҳои банақшагирифташуда мебошад ва гузаронидани чунин намуд вохуриҳо хусусияти доимӣ дошта лоақал дар як сол ду маротиба гузаронида мешаванд. Дар ҳолати рух додани масъалаи оҷилӣ бо ташаббуси ҳар як тараф метавон ҷаласаи ғайринавбатиро ташкил намуд. Дар рузномаи ҷаласаҳо масъалаҳое, ки ташвиши Тарафҳоро ба миён меоваранд мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

   Дар ҷаласаи якуми назорати сифат масъалаҳои Консепсияи дизайн, андешидани чораҳои тахассусии вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ, таъмини сифати корҳои анҷомдодашаванда, таъмини бехатарӣ дар тулли сохтмони лоиҳа, табодули маълумот оид ба  тағйиротҳои воридшаванда дар ҳолати ҷой доштани чунин зарурат, иҷрои уҳдадориҳои Фармоишгар ва Пудратчӣ инчунин таъмини муштараки назорати пайвастаи ҷараёни корҳо тибқи лоиҳаи тасдиқшуда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни табодули маълумот оид ба корҳои анҷомдодашуда Вазири нақлиёт қайд намуд, ки аз тарафи вазорат масъалаҳои омодасозии масири роҳ ва бартарафсозии иншооту моликиятҳои зери сохтмони роҳ  афтанда барои оғоз бахшидани корҳои сохтмонӣ аслан ба анҷом расонида шудаанд ва дар ҳолати пайдо шудани ягон мушкилоти ғайриинтизорӣ омодаанд дар якҷоягӣ бо сохтору идораҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ онро бартараф созанд.

Роҳбари ширкати Пудратчӣ қайд намуд, ки сохтмони лоиҳаи мазкур аз якуми июли соли ҷорӣ оғоз мегардад ва тибқи нақша дар тулли 23 моҳи оянда бояд ба анҷом расонида шавад, аммо онҳо дар якҷоягӣ бо ширкатҳои маҳаллӣ кушиш ба харҷ хоҳанд дод, ки лоақал се чор моҳ пештар аз нақша бо таъмини сифати меъёрҳои соҳавӣ лоиҳаро ба анҷом расонанд.

Ҷаласаи назорати сифат дар фазои якдигарфаҳмӣ бо дарки баланди масъулият оид ба иҷрои уҳдадориҳои Тарафҳо ва таъмини муштараки сифат дар тулли корҳои сохтмонӣ сурат гирифт. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *