Ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Вазорат

Ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Вазорат

Санаи   9 июли  соли 2021 ҷаласаи ҳайати Мушовараи Вазорати нақлиёт  бо иштироки сардорон ва масъулини идораву корхонаҳои зерсохтори Вазорат  таҳти раёсати вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид.

    Дар ҷаласа ҳамчунин  Қурбонзода Исоҷон – сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Иззатулло – директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулмуродзода Карим – муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар масъулини вазорату кумитаҳои дахлдор иштирок намуда, дар он масъалаҳои ҷамъбасти нимсолаи фаъолияти соҳаи нақлиёту роҳ ва гузариши соҳа ба сохти рақамикунонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯи масъалаи якум муовини якуми вазири нақлиёти кишвар Раҳим Бобозода маърӯза кард.

    Сипас вазири нақлиёт фаъолияти шашмоҳаи соҳаро натиҷагирӣ карда, ҷиҳати пешрафти кор ба масъулин супоришҳои мушаххас дод .

   Ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ки ба ҷаласаи ҳайати Мушовара даъват шуда буданд, фикрҳояшонро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо Вазорати нақлиёт ироа доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *