Имзои санадҳои ҳамкорӣ дар Туркманистон

Имзои санадҳои ҳамкорӣ дар Туркманистон

Шоми рӯзи 3 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба пойтахти Туркманистон — шаҳри Ашхобод сафар карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар қатори вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ва сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Мирзоалӣ Комил Ҷумъахон низ ҳамроҳӣ карданд.

  Дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари давлатӣ 4 август миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар баррасӣ гардида, аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расинанд.

  Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон роҷеъ ба маҷмӯи кулли масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин перомуни масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули созандаи афкор намуданд. Дар доираи мулоқот масоили марбут ба соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ ва роҳиоҳан низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

  Сипас Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Изҳороти муштарак имзо гузошта  19 санади зерин ба имзо расид:

  Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молия ва иқтисоди Туркманистон;

  Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон барои солҳои 2021-2023;

  Созишнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва робитаҳои хориҷии Туркманистон дар бораи ташкили хонаҳои савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон;

  Харитаи роҳ оид ба зиёд кардани гардиши савдо барои солҳои 2022-2023 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон;

  Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои соҳибкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Туркманистон;

  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсолот ;

  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати сайёҳӣ ;

  Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2022-2024;

  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан;

  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон;

  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ;

  Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи эътирофи дутарафаи иҷозатномаҳо барои амалигардонии фаъолияти сохтмонӣ;

  Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Туркманистон;

  Созишномаи ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Ахали Туркманистон;

  Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Туркманистон;

  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;

  Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 30 декабри соли 1999;

  Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2021-2023;

  Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон;

  Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ оид ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ду кишвар барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста шуд.

  Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *