Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чинро аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвоз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони роҳи Дарвоз-дарвозаи Рӯшон санги асос гузоштанд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чинро аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвоз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони роҳи Дарвоз-дарвозаи Рӯшон санги асос гузоштанд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин — аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масофаи роҳи мошингарди қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин 26 километр буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки исломии рушд, Хазинаи саудии рушд,  Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб ва Хазинаи ОПЕК бо харҷи қариб 32 миллион доллар куллан навсозӣ шуда, корҳои сохтмониро дар ин масир асосан коргарону мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази тадбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» ва дигар ширкатҳои роҳсозии бонуфузи ҷаҳонӣ дар асоси нишондоди лоиҳавӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расондаанд.

Хотиррасон мешавем, ки ба сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2019 расман оғоз бахшида, барои бо сатҳу сифати олӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти коммуникатсионӣ масъулони соҳаро вазифадор намуда буданд.

Дар асоси лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб» қитъаи Шкев — шаҳраки Қалъаи Хумб аз ду хати роҳ иборат буда, паҳноии стандартии роҳ 12 метр ва паҳноии қисмати роҳи мошингард 7 метрро ташкил медиҳад. Канораҳои роҳ аз ду тараф ба дуюним метр баробар мебошанд.

Ҳамзамон дар ин масир 1 пули мошингузар ва 2 ҳазору 92 метри мукааб қубури обгузар насб гардида, 30 ҳазору 886 метр пойдевори муҳофизатӣ бунёд карда шудааст, ки ин тадбир дар пешгирӣ аз вайроншавии роҳ нақши муҳим дорад. Мутобиқи талабот дар қитъаи мазкур ҳамчунин зиёда аз 630 аломати роҳ насб гардидааст.

Дар сохтмони роҳи мазкур аз тарафи Паймонкор 308 нафар мутахассис ва коргари муҳандисию техникӣ ҷалб гардида буданд.

Қисмати роҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат буда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегӣ мебошад.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳу пулҳои то имрӯз бунёдгардида  шоҳрагҳои рушди минбаъдаи мамлакат буда, бояд барои имрӯзу фардои миллату давлат хизмат намоянд.

Дар асоси лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб», қитъаи Шкев — шаҳраки Қалъаи Хумб, чароғонкунии ду тарафи роҳ то маркази ноҳияи Дарвоз ва маҳаллаҳои аҳолинишин амалӣ гардида, истгоҳҳои замонавӣ низ бунёд карда шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин ба бунёду навсозии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғози расмӣ бахшиданд.

Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдиду навсозӣ гардидани он 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар маҷмӯъ 92,3 километрро ташкил медиҳад. Маблағи лоиҳа қариб 2,5 миллиард сомониро дар бар мегирад.

Дар асоси лоиҳа, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд, дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 330 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 3 ҳазору 328 метр, бунёди долонҳо 5 адад бо дарозии 601 метр ва 15 пули мошингузар бо дарозии 633 метр ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудааст.

Дар маросими муаррифии лоиҳа иҷрокунандаи сафир —  мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Чен Дайн Вен ба таври маҷозӣ иштирок карда, роҳбарияти олии Тоҷикистонро бо оғози татбиқи лоиҳа табрик намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд намудани роҳи мошингарди Дарвоз-дарвозаи Рӯшон ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии роҳи мошингарди Қалъаи Хумб-Ванҷ-Рӯшон-Хоруғ ба ҳисоб меравад, бо таҷдиду навсозии он рафту омади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.

Дар рафти таҷдиду навсозии роҳи Дарвоз-дарвозаи Рӯшон 1000 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, ҳамаи онҳо оянда ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба дар бунёди қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ-Рӯшон-Хоруғ ва Хоруғ-Кулма-сарҳади Чин саҳми назаррас мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи қариб 217 миллион сомонӣ 66,5 километр роҳ ва 40 километри дигар бо ҷалби маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ аз тамоми манбаъҳо ба соҳаи нигоҳдории роҳҳо зиёда аз 26 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки дар партави амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ — аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат хоҳад кард.

Дар робита ба оғози корҳои навсозии роҳ аз ҷониби ҳунармандони ноҳияи Дарвоз барномаи рангини консертӣ пешкаши меҳмони олиқадр гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *