Вазорати нақлиёт фаъолияти нуҳмоҳаро ҷамъбаст кард

Вазорати нақлиёт фаъолияти нуҳмоҳаро ҷамъбаст кард

 Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидориву молиявии соҳаи роҳу нақлиёт дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар Вазорати нақлиёт таҳти раёсати вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҷаласаи ҳайати Мушовара доир гардид, ки дар он муовини сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Маҳмуд, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони корхонаву муассисаҳои дахлдори Вазорати нақлиёт иштирок доштанд.

   Аз рўи ҷаласаи муҳокимашаванда муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода маърўза кард, ки дар он оид ба фаъолияти корхонаву муассисаҳои тобеи Вазорати нақлиёт маълумот дод.

Дар муҳокимаи маърўзаи ҷамъбастӣ сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон, муовини авввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев ва сардори КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» Мумин Лашкар сухан карданд.

  Вазири нақлиёт аз кори нозирони ХДНТ дар соҳаи нақлиёт ва муносибати кормандони КВД «МКХСН» дар масъалаи аз меъёр зиёд гирифтани бор, дуруст истифода накардани техникаи роҳнигоҳдорӣ, омодагии МДНРА – ҳо ба зимистон изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини соҳа ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Вазири нақлиёт ҳамчунин масъулини соҳаро вазифадор кард, ки барномаи рақамикунонии соҳа ва масъалаи ҳисоботи омориро дурусттар ба роҳ монда, бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ намоянд.

   Амирзода Маҳмуд оид ба баъзе паҳлуҳои фаъолияти соҳа ҳарф зада, аз саҳми Вазорати нақлиёт ва корхонаҳои тобеи он, бахусус КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ободонии кишвар бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, барои пешрафти кор ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар ниҳодҳо дастурҳо дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *