Ҷамъбасти фаъолияти соҳаи нақлиёту роҳ
Дар Вазорати нақлиёт рўзи 6 январи соли равон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 таҳти раёсати вазири нақлиёт Азим Иброҳим ҷаласаи Ҳайати Мушовара доир гардид, ки дар он сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент Исоҷон Қурбонзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарону кормандони корхонаву муассисаҳои соҳаи нақлиёту роҳ иштирок доштанд.
Нахуст, вазири нақлиёт Азим Иброҳим аз рўи масъалаи муҳокимашаванда маърўза кард, ки дар он аз ҷумла дар бораи ҳамлу нақли бору мусофирон тавассути ҳамаи намуди нақлиёт, фаъолияти нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, нигоҳдории роҳҳо, зимиситонгузаронӣ, суратҳисоби махсус, ҳамкории МДНРА – ҳо бо Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, корҳои лоиҳакашӣ, назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, робитаҳои байналмилалӣ, рақамикунонии соҳа, барномаи Низоми идоракунии роҳҳои автомбилгард муфассал маълумот дод ва сабаби камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро аз мутасаддиён пурсон шуд. Ҳамчунин баҳри баратарф сохтани мушкилот ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, Исоҷон Қурбонзода аз фаъолияти маҷмааи роҳу нақлиёт изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки баҳри рушди минбаъдаи соҳа бояд аз тамоми имконот истифода кунанд. Қурбонзода аз мутасаддиёни соҳа даъват ба амал овард, ки оид ба сифатнок анҷом додани лоиҳаҳо, саривақт омода ва пешкаш намудани ҷавоб ба мактубу супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар масълаҳои марбута чораҷуӣ кунанд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Ҳайати Мушовара ба ғолибони озмунҳои “МДНРА –и беҳтарин” ва “Беҳтарин ҳамкорӣ бо МИҲД” Диплом, туҳфа ва Споснома тақдим гардиданд.
Ғолибони озмунҳои «МНДРА – и беҳтарин» ва «Ҳамкории беҳтарин бо МИҲД» дар Вазорати нақлиёт ҷамъбаст гардида, рўзи 5 – январ дар ҷаласаи Ҳайати Мушовара ғолибони озмун бо мукофтҳо қадр гардиданд.
Дар озмуни «МДНРА – и беҳтарин» ҷои якум насиби МДНРА –и ноҳияи Восеъ, ҷои дуюм насисби МДНРА –и ноҳияи Конибодом ва ҷои сеюм насиби МДНРА — минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон гардид.
Дар озмуни «Ҳамкории беҳтарин бо МИҲД» ҷои аввалро МДНРА –и ноҳияи Ёвон, ҷои дуюмро МДНРА – и ноҳияи Рўдакӣ ва ҷои сеюмро МДНРА – и шаҳри Турсунзода ишғол намуданд.
Ҳамчунин барои ҳамкориҳои хубу густурда ва саҳми аразанда гузоштан дар ободонии роҳҳои маҳаллӣ аз номи роҳбарияти Вазорати нақлиёт ба расиони ноҳияҳои Ёвону Рудакӣ ва шаҳри Турсунзода Сипоснома супорида шуд.
Мукофотҳоро ба ғолибони озмун сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода ва вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим тақдим намуданд.
Озмунҳои мазкур моҳи августи соли равон бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомдилгард ва ҳамкориҳои густурда бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, аз рўи шартҳои- иҷрои корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳо, ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон, суратҳисоби махсус, сатҳу сифати кадрҳо, намои биноҳо ва утоқҳои корӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, шароити кормандон, омодагӣ ба мавсими зимистон, истифодаи мақсадноки техникаи роҳнигоҳдорӣ аз ҷониби комиссияи озмун, ки бо фармони вазири нақлиёт тасдиқ шуда буд, баҳогузорӣ гардида буд.
Маъумоти муфассал аз рафти ҷаласаи Ҳайати Мушовара дар ҳафтаномаи “Нақлиёт” чоп мешавад.