Ҷаласаи Вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ

Ҷаласаи Вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ

Санаи 2 феврали соли 2022, 11-умин ҷаласаи Вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) таҳти раисии Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид, ки дар он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим иштирок ва суханронӣ намуд.

         Зимни ҷаласа, вазирони нақлиёт ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзо вобаста ба соддагардонии раванди ҳамлу нақл ва транзит, андешидани чораҳо ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёт дар давраи пас аз пандемия, таъмини пайвасти шабакаҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, инчунин рушди фаъолияти дигар намуд нақлиёт баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати ҳамкории судманд дар доираи Созмон дар минтақа, баён намуданд.

        Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим бо баромад аз ҳамкории Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои аъзо ва ҳадафҳои Тоҷикистон дар самти мусоидат ба рушди соҳаи нақлиёт дар минтақа ёдовар шуда, омодагии кишварро барои ҳамкории судманд ва бо назардошти чолишҳо барои муколамаи байналмилалии соҳаи нақлиёт ҷиҳати дарёфти роҳҳои рушди босубот, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, баён намуд. Ҳамзамон аз ҷониби Вазир, бо мақсади таъмини рушди босуботи соҳа дар минтақа, фаъолгардонии ҳамкориҳо дар самтҳои зерин пешниҳод гардид.

  1. Рушди долонҳои нақлиётии байналмилалӣ
  2. Таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ
  3. Ташкили интиқоли мултимодалӣ ва рақамикунонии раванди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ.

        Инчунин, дар фарҷом, бо мақсади фаъолгардонии ҳамкориҳо байни кишварҳои аъзои СҲИ дар соҳаи нақлиёт, Деклоратсияи Анқара қабул гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *