Машварати корӣ бо роҳбарони ширкатҳои логистикӣ дар Агентии содирот.

Машварати корӣ бо роҳбарони ширкатҳои логистикӣ дар Агентии содирот.

8 феврали соли 2022 дар бинои Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати афзоиш додани содироти маҳсулоти ватанӣ ва дарёфти бозорҳои нави тиҷоратӣ бо роҳбарони ширкатҳои логистикӣ, ҷаласаи корӣ баҳри омодагӣ ба содирот дар соли 2022 баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа ин иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 оид ба амалигардонии се самти асосӣ, аз ҷумла ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсоли ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо мебошад.

Дар доираи иҷрои супоришҳои мазкур ширкатҳои логистикӣ пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби субъектҳои дахлдор бояд ҷиҳати соддагардонии расмиёти савдо, мусоидат намудан ба содироткунандагони ватанӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ба хориҷи кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар охири ҷаласа аз ҷониби роҳбарони ширкатҳои логистикӣ пешниҳодот оид ба пешбурди фаъолияти онҳо ва дастгирӣ намудани ширкатҳои логистикӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *