Моҷарои рухсатномадиҳиро бартараф созед

Моҷарои рухсатномадиҳиро бартараф созед

— Нофаҳмиҳо дар масъалаи додани рухсатномаҳо (дозвол) барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва аз ҷониби интиқолдиҳандагони бор роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо ҳанўз ҳам аз байн нарафтааст. Мутаассифона мушкилоти дастрас гардидани рухсатномаҳо аз баъзе кишварҳо ҳанўз ҳам вуҷуд дорад. Дар ин бора бояд чораҳои қатъӣ андешида, барномаҳои рақамикунониро ҳарчӣ зудтар ҷорӣ бояд кард, то мушкилот бартараф гардад, — супориш дод вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба масъулини соҳа дар ҷаласаи назоратӣ.

Масъала мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати нақлиёт қарор дошта, пайваста ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва дуруст ба роҳ мондани кор дастурҳо дода мешаванд.

Оид ба тартиби мубодилаи рухсатномаҳо ва масоили марбута роҳбарияти Вазорати нақлиёт бо роҳбарони ҷамъиятҳои нақлиётӣ ва ронандаҳои хатсайрҳои боркашонии байналмилалӣ мулоқот намуда, масъаларо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода буд.

Айни ҳол рухсатномаҳо бо тартиби муқарраргардида ба ҷамъиятҳои интиқолдиҳанда дастрас мегарданд.

    Аз Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иттилоъ доданд, ки тибқи Созишномаҳои байналмилалии автомобилӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар соли 2022 дастрас намудани  79150 — рухсатнома бо 19 кишвари дуру наздик пешбинӣ  шуда, аллакай  32550 — рухсатнома ворид шудааст. Аз ҷумла, 26900 рухсатномаи Р-1, яъне рухсатномаи ҳамлу нақли дуҷониба ва транзити байналмилалии боркашонӣ, 5600 рухсатномаи Р -3  барои интиқоли бор аз \ ба давлати сеюм ворид гардидаанд. Ин рухсатномаҳо мутобиқи созишномаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни кишварҳо аз ҷумҳуриҳои Белорус (1500 Р -1 ва 1000 – Р-3), Руссия (1200 Р-3), Украина (2000 Р -1 500 Р -3), Гурҷистон (3200 – Р- 1, 800 – Р-3), Туркманистон (800 Р -1, 200 Р3), Ўзбекистон (13500 Р-1, 500 Р-3 ) Озарбойҷон  (150 Р 1, 100 Р -3), Эрон (500 Р 3, 2000 –Р1), Туркия (250 Р-3, 2500 Р 1) ва дигар давлатҳое, ки бо Тоҷикистон созишномаи ҳамлу нақл доранд, аз 50 то 100 рухсатнома мубодила гардидааст.

Ҳамчунин моҳи сипаригардида аз Ҷумҳурии Ўзбекистон 5000  рухсатномаи Р -1 ва 500 рухсатномаи ройгон барои содироти ангишту намаки Тоҷикистон,   аз Туркия 50 рухсатномаи Р-3 ва 1000 рухсатномаи Р1 иловатан бо дархости Вазоати нақлиёти кишвар  ворид гардидаанд.

Рухсатномаҳоро мақомоти ваколатдор, яъне Вазорати нақлиёт, мувофиқи созишномаи ҳамлу нақл, тибқи тартиби муқарраргардида аз кишварҳое, ки ҳамлу нақли бор ба роҳ монда шудааст, вобаста аз ҳаҷми боркашонӣ дархост намуда, ба  Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт месупорад. Хадамот мувофиқи дархости интиқолдиҳандагон  рухсатномаҳоро бо тартиби пешниҳодгардида ба ҷамъиятҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки иҷозатномаи ҳамлу нақли байналмилалӣ доранд, медиҳад. Хотиррасон мекунем, ки нархи муқарраршудаи рухсатномаи ҳамлу нақли бор 84 сомонӣ мебошад.

       Айни замон  аз Ҷумҳурии Литва 250 рухсатномаи Р-1, 150  рухсатномаи Р-3,  аз Ҷумҳурии Латвия 50 рухсатномаҳои Р-1, ва 50 рухсатномаи Р-3, аз Лаҳистон 150 рухсатномаи Р-1 ва 100 рухсатномаи Р-3 ворид ва тақсим шудаанд, ки вобаста ба талаботи имрўзаи интиқолдиҳандагони ватанӣ хеле нокифоя буда, боиси зиёд гардидани норозигии ширкатҳо ва интиқолдиҳандагони ватанӣ гардидааст. Бо афзоиш ёфтани рафту омади нақлиёти ватанӣ ва зиёдшавии ҳаҷми боркашонӣ тариқи кишварҳои Литва, Латвия ва Лаҳистон талабот нисбати рухсатнома ба ин кишварҳо зиёд гардид, ки  ин боиси сар задани қонуншиканиҳо гардидааст.  

      Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур ва иловатан дастрас намудани рухсатномаҳо тариқи роҳҳои дипломатӣ чораҳои зарурриро рўи кор овардааст.

Бояд қайд кард, ки гирифтани рухсатномаҳо танҳо аз дархости Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон воаста набуда, ба қонуну қоидаи давлатҳое, ки бо онҳо ҳамлу нақл дорем марбут аст. Масалан дар Литва ин рухсатномаҳоро Вазорати нақлиёти ин кишвар бо дархост дастраси Ассотсиатсияи боркашонҳои байналмилалӣ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *