Баррасси лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон»

Баррасси лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон»

 Рўзи 20-уми апрели соли равон таҳти раёсати вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҷаласаи Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатии дахлдор ва кормандони маҷмааи нақлиёт иштирок доштанд.

      Дар ҷаласа лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор гирифт.

     Нахуст вазири нақлиёт иштирокдоронро бо масъалаи баррасишаванда шинос намуда, қайд кард, ки заминаи асосӣ барои таҳияи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар 21 декабри соли 2021 маншаъ мегирад, ки зимни ироаи он аз зарурати истифодаи нақлиёти барқӣ дар ҳудуди кишвар ёдовар шуданд.

      Лоиҳа аз ҷониби Вазорати нақлиёт таҳия гардида, 1 апрели соли 2022 барои баррасӣ ва мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор равон гардида буд ва онҳо хулосаҳояшонро ба Вазорати нақлиёт пешниҳод карданд.  

      Сипас, сардори Раёсати нақлиёти рўизаминии Вазорати нақлиёт Неъматзода Фаррух бо дарназардошти хулосаҳои ирсолгардида аз вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи мазкурро ба ҳозирин аз рўи слайдҳо шарҳ дод.

    Мақсади асосии Барнома — ин фароҳам овардани самти нави рушди иқтисодӣ дар заминаи ташаккули саноати мошинсозӣ- истеҳсоли нақлиёти барқӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои зиёд кардани нақлиёти барқии истифодашаванда, васеъ намудани инфрасохтори нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист равона гардидааст.

      Барнома аз 9 боб иборат буда, дар ҷаласа вобаста ба мазмун ва самтҳои мухталифи онҳо ба иштирокдорон маълумоти муфассал дода шуд.

     Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор фикру пешниҳодоти худро оид ба хулосаҳояшон вобасат ба лоиҳа ироа дошта, қарор карда шуд, ки бо дарназардошти ин пешниҳодот ба лоиҳа тағйирот ворид мегардад ва лоиҳа аз ҷониби Комисссия корӣ бори дигар мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *