Роҳҳои автомобилгард дар ҳамаи минтақаҳо кушодаанд
Бар асари боришоти рўзи 4 –уми май қариб дар тамоми манотиқи кишвар дар натиҷаи фуромадани селу ярч дар баъзе мавзеҳо роҳҳо вайрон гашта, ҳаракати нақлиёт муаваққатан қатъ гашта буд. Аммо бо заҳмати роҳсозону роҳдорони Вазорати нақлиёт роҳҳо дар муддати кутоҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.
Дар километри 119 + 120 – роҳи автомбилгарди байналмилалии Гулистон – Фархор – Панҷ – Ҷайҳун низ роҳ бар асари боришот вайрон гардида, ҳаракати нақлиёт қатъ гардида буд. Соати 14 имрўз роҳ яктарафа кушода шуда, айни ҳол барои роҳро пурра тоза кардан роҳсозон бо истифода аз 8 адад техникаи роҳтозакунӣ аз ҳар ду самти роҳ кор мекунанд.
Ҳамчунин дар роҳи автомобилгарди Душанбе- Кўлоб – Қалъаихум – Хоруғ — Қулма дар километри 421 мавзеи Даштаки ноҳияи Ванҷ дар натиҷаи ғалтидани сангпора барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт монеа эҷод карда шуда гузариши мошинҳои гаронвазн мушкил гардид. Аз ҷониби кормандони МДНРА – ҳои ВМКБ ва кумаки Вазорати нақлиёт барои пурра барқарор кардани роҳ ва омода намудани таҳкурсӣ барои пойдевори поёнии роҳ бо истифода аз техникаи роҳсозӣ ва сангпармакунӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо корҳо идома доранд.
Рӯзи 4 май дар роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қирғизистон дар километрҳои 92, 94 – и ҳудуди ноҳияи Нуробод, роҳи автомобилгарди Лабиҷар-Сангвор дар километрҳои 2, 3, 7 ва 21-и ҳудуди ноҳияи Сангвор, ҳамзамон дар километрҳои 21 — роҳи автомобилгарди шаҳраки Балх — Гулистон ва километри 22 роҳи номбурдаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ обшустаҳои канори роҳ фавран бартараф карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин самт низ кушода аст.
Ҳамчунин дар роҳи автомобилгарди Ёвон-Абдураҳмони Ҷомӣ дар километри 77+600 (наздикии пули мошингузари таҷдидшудаистода) дар натиҷаи омадани сел ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ гардида буд ва айни ҳол ҳаракат дар ин самт низ таъмин карда шудааст.
Ба иттилои Раёсти сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт ҳамаи МДНРА – ҳо дар ҳолати омодабош қарор дошта, 381 техникаи роҳтозакунӣ ва 298 нақлиёти автомбилии роҳнигоҳдорӣ омодаи кор аст. Роҳсозон бо истифода аз тамоми имконот бар он талош доранд, ки роҳҳоро саривақт аз селу санг тоза карда, барои ҳаракати нақлиёт кушода нигоҳ доранд.