Ёддошти тафоҳум оид ба рушди алоқаи байналмилалии автомобилӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони ҳар ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ зери “Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон” имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва вазири роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Рустам Қосимӣ ба имзо расонданд. Тибқи санади мазкур ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани шарикии боэътимод, мусоидат ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои логистикии нақлиётӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳтар намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, афзоиши интиқоли мол тариқи масирҳои транзитии ҷонибҳо ва ҳамкории фаъол дар доираи шартномаҳои байналмилалии нақлиёти автомобилӣ, ки қаблан ба уҳда доштанд ба мувофиқа расиданд.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.