Рӯзи нақлиётчиён таҷлил гардид
Бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ рӯзи 24 – июл дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи тантанавӣ доир гардид, ки дар он роҳбарият, собиқадорон ва кормандони соҳаи нақлиёт ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ иштирок доштанд.
Нахуст вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ҳозиринро бо иди касбиашон табрик гуфта, оид ба нақши соҳа дар пешрафти иқтисодиёти кишвар, дастовардҳои дар замони Истиқлол ба дастовардаи нақлиётчиён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ гардондани соҳа сухан кард.
Аз номи собиқадорони соҳа собиқ вазирони нақлиёт Наримон Яқубов ва Абдураҳим Ашӯр ҳарф зада, аз таърихи таъсиси сохтор, корҳои анҷомдода дар соҳа ёдовар гардиданд ва нақлиётчиёнро бо иди касбиашон табрик гуфта, кормандони имрӯзаи соҳаро ба меҳнати софдилона даъват намуданд.
Сипас, бо фармоиши вазири нақлиёт як қатор кормандони фаъоли соҳа барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа ва фаъолияти пурсамарашон бо нишони сарисинагии «Нақлиётчии фахрӣ», Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати нақлиёт қадр гардиданд.
Дар фарҷом вазири нақлиёт ба собиқадорони соҳа барои иштирок дар чорабинӣ, барои ҳидоятҳои насли ҷавон ва саҳмгузориашон дар пешрафти кори соҳа арзи сипос намуд.