Конфронси байналмилалӣ чиро муҳокима мекунад?
Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» рӯзҳои 18 – 19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Конфронс бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба он роҳбарият ва намояндагони сохторҳои соҳаи нақлиёту роҳ аз кишварҳои хориҷи дуру наздик даъват шуда, ҳамчунин мутахссисону олимони соҳаи роҳу нақлиёти ватанӣ даъват шудаанд.
Дар кори Конфронс оид ба масоили матраҳшаванда намояндагони соҳа маърӯзав ва мақолаҳои илмиро пешкаш намуда, иштирокдорон дар бахшҳои танзими фаъолияти давлатии таъмини логистика — дасовардҳои илмӣ ва амалии фаъолияти логистика, таълим ва тарбияи мутахассисон оид ба таъминоти логистикӣ, Рақамикунонии инфрасохтори логистика, мушкилоти ташкил ва инкишофи техникаи логистика, Таҷрибаи пешрафти ширкатҳо ва марказҳои нақлиётию логистикӣ, «Бонувон дар логистика: воқеият ва назар ба оянда — имкониятҳои захираи кадрии соҳа» — ро баррасӣ мекунанд.
Ҳамчунин дар доираи кори Конфронс истифодаи Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ (GTrD) аз истгоҳи Кӯлоби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» роҳандозӣ хоҳад шуд.
Роҷеъ ба баргузории кори Конфронс дар шумораҳои баъдии «Нақлиёт» маълумот хоҳем дод.