Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа дар Вазорати нақлиёт
Таҳти раёсати вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим рӯзи 15 октябри соли равон ҷаласаи Ҳайати Мушовара доир гардид, ки дар он масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ – молиявии соҳаи нақлиёту роҳ дар нуҳ моҳи соли равон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласа муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Маҳмуд, масъулини вазорату кумитаҳои дахлдор ва роҳбарони муассисаву корҳонаҳои Вазорати нақлиёт иштирок доштанд.
Муовини вазири нақлиёт Фаррух Неъмтазода оид ба масъалаи баррасишаванда маърӯза кард, ки дар он масоили танзими нақлиёти гаронвазн, таъмиру таҷдиди роҳҳои дар тавозуни вазорат қарордошта, интиқоли бору мусофир, вазъи роҳҳои кишвар ва дигар мавзуҳои марбути соҳа бо рақаму далел таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Сипас вазири нақлиёт Азим Иброҳим ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани танзими нақлиёт дар кишвар, омодагӣ ба зимистони дарпешистода, истифодаи самарнок аз суратҳисоби махсус дар МДНРА – ҳо, дар муҳлати муайян ва бо сифат ба истифода додани иншооти сохтмонӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас дод. Муфассал дар бораи рафти ҷаласа дар ҳафтаномаи «Нақлиёт» маълумот дода мешавад.