Имзои Шартнома оид ба сохтмони чор қитъаи роҳҳо дар вилояти Суғд

Имзои Шартнома оид ба сохтмони чор қитъаи роҳҳо дар вилояти Суғд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори Корпоратсияи China Railway Wuju (Group) ҷаноби Чжан Лян рӯзи 25 ноябр Қарордодро оид ба сохтмони чаҳор қитъаи шоҳроҳҳо дар вилояти Суғд бо дарозии умумӣ 51,2 км дар доираи лоиҳаи Марҳилаи чоруми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ба маблағи 56,6 млн доллари ИМА ба имзо расонданд.

Вазири нақлиёт аз Паймонкор даъват ба амал овард, ки корҳои сохтмонӣ тибқи талаботи меъёрҳо бояд босифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом дода шаванд.

 Вазир ҳамчунин таъкид кард, ки дар ҷараёни татбиқи лоиҳа Паймонкор бояд кормандони баландихтисоси муҳандисӣ-техникиро ҷалб намуда 90%-и коргарони лоиҳа аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ба кор гирад.

Лоиҳаи мазкур таҷдиди қитъаҳои роҳи мошингарди Куруш-Бекобод ба дарозии 12,3 километр, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров ба дарозии 22,0 километр, азнавсозии қитъаҳои роҳи мошингарди Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз — дарозиаш 6,6 километр ва Конибодом — Кучкак ба дарозии 10,3 километрро дар бар мегирад. Дар доираи ин лоиҳа 11 пули нав бо дарозии умумии 444,2 метр низ сохта мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *