Мошинҳои боркаши ватанӣ вориди Чин шуданд
Пас аз се соли таваққуф дар робита ба паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус бори нахуст мошинҳои боркаши ватанӣ вориди ҳудуди Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд. Бояд қайд кард, ки аз соли 2020 то ҳол мошинҳои боркаши ватанӣ иҷозати ворид шудан ба ҳудуди кишвари ҳамсоя надошта, бор бо нақлиёти боркаши Чин то сарҳад оварда, аз онҷо ба мошинҳои боркаши ватанӣ бор ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд, ки ба ин вақту маблағи бештар сарф мегардид.