МАЪЛУМОТ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР СОЛИ 2022 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СЕ МОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2023
ҲАМЛУ НАҚЛ ТАВАССУТИ ҲАМА НАМУДҲОИ НАҚЛИЁТ
Дар самти ҳамлу нақл новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта раванди рушди босуботи нишондиҳандаҳои асосӣ ҳарсола нигоҳ дошта мешавад.
Дар бозори хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳани кишвар ва хоҷагии роҳҳо 2288 субектҳои хоҷагидории шаклҳои гуногуни моликиятдорӣ фаъолият менамоянд, аз ҷумла ба нақлиёти автомобилӣ 1933 адад, хоҷагии роҳҳо 248 (69 МДНРА ва 179 корхона ва муассисаҳои роҳдорӣ) ва роҳи оҳан 107 (корхонаҳои зертобеъи КВД “РОТ” ва корхонаҳое, ки роҳҳои оҳани фаръи доранд), рост меояд.
Дар ин давра тавассути ҳама намуди нақлиёт тибқи маълумоти оморӣ 103,4 млн. тонна бор бо гардиши 10,3 млрд. тонна/км ва 818,6 млн. мусофир бо гардиши 9,9 млрд. мусофир/км интиқол дода шуда, нисбат ба соли 2021 рушди нишондиҳадаҳо ба андозаи аз 11 то 26% таъмин гардид.
НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ
Соли гузашта бо истифодаи нақлиёти автомобилӣ 97,4 млн. тонна бор интиқол дода шуда ба 797,1 млн. мусофир хизмат расонида шуда, нисбат ба соли 2021, боркашонӣ 27,5% ва мусофирбарӣ 11,2% зиёд шудааст. Зиёда аз 32,5% боркашонӣ ва наздик ба 92,1% мусофирбарӣ аз ҷониби корхонаю муассисаҳои хизматрасонии нақлиёти автомобилии истифодаи умум иҷро гардидаанд.
Интиқоли байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ низ тамоюли рушд дошта, боркашонӣ нисбат ба соли 2021 мутаносибан ҳаҷми бор 23,8%, гардиши бор 22,3%, мусофирбарӣ ва гардиши мусофирон қариб 4 маротиб зиёд гардидаанд.
Барои интиқоли байналмилалӣ 56 ҳазору 380 адад рухсатномаҳо аз 19 кишвари хориҷӣ дастрас гардида, 57 ҳазору 115 адад ба ин давлатҳо ирсол карда шуд, ки ин нисбат ба соли 2021 – 34% зиёд мебошанд.
Рӯзҳои 18-19-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар бинои китобхонаи миллӣ Конференсияи байналмилалӣ мубрами соҳаи логистика ва афзалиятҳои он баргузор гардид, ки дар доираи мулоқоти дуҷонибаи вазири нақлиёти кишвар бо ҳайатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Туркманистон, вохӯрии сеҷониба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии исломии Эрон, инчунин бо Котиби масъули Маркази байналмилалӣ оид ба дипломатияи нақлиётӣ (ICTD) доир шуда, аз истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ва баъдан дар ҶСП “Тоҷиквнештранс” бори аввал ба таври пилотӣ истифодаи амалии Ҳуҷҷати глобалии транзитӣ (Global Tranzit Document (GTrD) бо иштироки меҳмонони конференсия, аз ҷумла роҳбарони аввали МСД ва ICTD оғоз гардид. Имкониятҳои транзитии Тоҷикистон ва самаранокии истифодаи долони мултимодалии Кулма – Кӯлоб ва ба воситаи он баромад ба дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ гардида, истифодаи ин долон ҳамчун кӯтоҳтарин масир барои интиқоли бор аз Чин ба давлатҳои минтақа, инчунин Эрон, Туркия ва Аврупо арзёбӣ гардид.
НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАН
Саҳм ва мақоми нақлиёти роҳи оҳан, дар интиқоли байналмиллалии бор зиёд мебошад. Тавассути роҳи оҳан соли 2022, зиёда аз 6 млн. тонна бор ва 456,2 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба соли 2021 боркашонӣ 6,4% ва мусофирбарӣ 2,8% афзоиш ёфтааст.
Дар натиҷаи гуфтушиниди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев аз 20 июни соли 2022 ҳаракати қатораи мусофирбарӣ дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе оғоз гардид, ки он ба рушди минбаъдаи сайёҳии минтақавӣ мусоидат хохад кард.
Инчунин аз 16 августи соли 2022 ҳаракати қатораҳои мусофирбарӣ дар хатсайри байналмилалии Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб, аз 27 августи соли 2022 хатсайри байналмилалии Душанбе-Волгоград-Душанбе ва аз 7 сентябри соли 2022 хатсайри байналмилалии Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд ба роҳ монда шуд.
Ҷиҳати дастгирии мизоҷони ватанӣ дар самти боркашонӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз 30% то 90% ва дар самти мусофирбарии байналмилаӣ дар мавриди хариди пешакии билетҳо вобаста ба муҳлатҳо аз 35 то 45% сабукиҳо пешниҳод гардида истодаанд.
Инчунин, дар қатораи мусофирбарии дохилии Душанбе — Кӯлоб нархи роҳкиро бо 60% сабукӣ муқаррар карда шудааст.
Бо мақсади ташкили интиқоли мултимодалии борҳо тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ дар масирӣ «Хитой – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия», Нақшаи чорабиниҳои ташкили интиқоли мултимодалии борҳо дар хатсайри мазкур таҳия гардида, аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 сентябри соли 2022 тасдиқ карда шуд.
НИГОҲДОРИИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД
Тибқи маълумотҳо аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар ин давра ба маблағи 242 млн. 279,9 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он иҷро гардидаанд, ки нисбат ба соли 2021, 2,14 маротиба зиёд мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нисбат ба соли 2021 таъмири роҳҳо 126,7%, таъмири пулҳо 91,7%, таъмири қубурҳо 85%, таъмири ҷорӣ 116%, кабудизоркунӣ 102,3%, нигоҳдории нақбҳо ва равшаннамоӣ 110,1%-ро ташкил дод.
Дар соли 2022 офатҳои табиӣ ба 81,33 км роҳ, 3 пул (39 м) ва 3 облўлањо (32 м) ба маблағи умумии 2 млн. 370,5 ҳазор сомонӣ дар ҷумҳурӣ зарар расонида, 56,1 км роҳ ва 1 пул (18 м) ба маблағи 332,2 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вазорат барқарор карда шуд.
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ
Бо мақсади таъмини ҳаракати пайваста ва бемамониати нақлиёти автомобилӣ ва иҷрои бандҳои дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони
солҳои 2022-2023” фармоиши Вазорат ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ ва Ситоди фаврӣ ташкил шуда, масъулини соҳа ҷиҳати иҷрои он муваззаф гардидаанд.
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои Вазорат ҷиҳати иҷрои қарори мазкур бо назардошти бақияи мавсими гузашта маводи зиддилағжиш – 47 994,5 м3 (100%), сӯзишвории дизелӣ – 191 140 литр (98,1%), ангишт – 229,2 тонна (99,5%) ва ҳезум – 446,2 м3 (101,6%) захира шуда, ба ҳолати 01.01.2023с., дар муассисаҳои болозик маводи зиддилағжиш – 5 096,7 м3, сӯзишвории дизелӣ – 21 676 литр, ангишт – 79,6 тонна ва ҳезум – 150,7 м3 истифода гардидааст.
Инчунин, барои фаъолияти мунтазам ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард омода намудани 506 техникаи роҳдорӣ пешбинӣ шуда, 477 то омодаи кор гардиданд..
Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати дар асоси собиқаҳои солҳои пеш дақиқ муайянсозӣ мавзеҳои офатпазир дар тули роҳҳо ва таҳти назорати ҳаррузаи роҳбарони идораю муассисаҳо қарор додани вазъу ҳолати роҳҳо дар ин мавзеъҳоро барои мавсими дар пешистода ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа муайян бояд намуд.
ҲАМКОРӢ БО МИҲД
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти идораю муассисаҳои давлатӣ ин таъмини ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дар маҳалҳо оид ба ҷудо намудани маблағҳо барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо мебошад. Тибқи маълумоти дастрагардида соли 2022 маблағҷудокуниҳо аз буҷети мақомоти маҳалӣ зиёда аз 15,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 ба андозаи 25,1% коҳиш ёфтааст.
ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат 54 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллари ИМА татбиқ гардида, дар доираи ин лоиҳаҳо зиёда аз 2227 км роҳ, 259 пул, 6 нақб, 7 адад долони зиддитармавӣ, 2 адад чорроҳаи сесатҳа ва 2 адад дусатҳа сохта ба истифода дода шудааст.
Айни замон дар самти роҳу нақлиёти кишвар татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10,7 млрд сомонӣ (1 млрд. 55,1 млн доллари ИМА) амалӣ гардида истодааст, ки аз ин 3 лоиҳа ба маблағи 2,97 млрд сомонӣ (294,6 млн доллари ИМА) пурра ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд (лоиҳаҳои “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, марҳилаҳои 1 ва 2” ва “Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаҳои А ва Ф”).
Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи автомбилгарди Данғара-Лолазор 28,6 км, Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон бо дарозии 93 км бо пешбинии ду нақб бо дарозии умумии 5,2 км (1,8 ва 3,4) ва пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор бо дарозии 300 метр ва роҳи автомобилгарди
ба пул баранда дар ин қитъаи роҳ бо дарозии 18 км, таҳияи асосноккунии лоиҳаи сохтмони р/а Ховалинг –Сангвор, Рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии нигоҳдории пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд.
Санаи 15 ноябри соли 2022 байни Вазорати нақлиёт ва ширкати чинии Чайна рейлвей Вуҷу қарордод оид ба сохтмони 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 56,7 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуда, корҳои сохтмонӣ то моҳи марти соли ҷорӣ оғоз мегарданд.
Лоиҳаҳои татбиқшудаистода идомаи мантиқии лоиҳаҳои анҷомшуда буда бо мақсади боз ҳам беҳтар гардонидани сифати роҳҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо Марказҳо ва Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои назди вазорат ва Пажуҳишгоҳои лоиҳакашии иншооти нақлиёт корҳо дар самти зерин идома доранд.
КОРҲОИ ЛОИҲАКАШӢ
КВД “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”-и Вазорат дар соли 2022 ба маблағи 15 млн. 104 ҳазор сомонӣ дар 35 иншоот, аз ҷумла 19 иншоот корҳои кофтуковӣ — лоиҳакашӣ, 2 иншоот озмоишӣ, 7 иншоот назорати муаллифӣ ва 7 иншоот бозҳисоби намудани ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ иҷро гардида, корҳо дар 19 иншоот пурра ба анҷом расонида шудаанд. Корҳои иҷрошуда нисбат ба нақшаи соли ҳисоботӣ 37,3% ва соли 2021, 25,7% зиёд мебошад.
НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ин давра 1749 иҷозатнома, аз ҷумла ба нақлиёти автомобилӣ 1585 адад, корхонаҳои нақлиётӣ 69 адад, хоҷагии роҳҳо 61 адад ва роҳи оҳан 34 адад иҷозатнома дода, муҳлати амали 878 адад иҷозатномаро тамдид намудааст. Айни замон, 5371 иҷозатнома мавриди амал қарор дорад, ки аз ин ба нақлиёти автомобилӣ 5045 адад, хоҷагии роҳҳо 219 адад ва роҳи оҳан 107 рост меояд.
Дар ин давра 5302 маротиба рейдҳо гузаронида, дар натиҷа 50193 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбат ба соли 2021 рейдҳо 113,1% ва протоколҳо 97%-ро ташкил дод.
КВД «Маркази сертификат-сиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” 632 сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ, 7404 сертификати салоҳиятнокии касбӣ ва 198194 сертификати баркашии воситаи нақлиёти автомобилӣ додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 сертификати мутобиқати кору хизматрасонӣ 92,4%, сертификати салоҳиятнокии касбӣ 122,9% ва сертификати баркашии воситаи нақлиёти автомобилӣ 106,8%-ро ташкил доданд.
Ҷиҳати Иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №779 (№535) «Дар бораи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд» дар семоњаи чоруми соли 2022 пурзӯр гардида, ҳамарўза шумораи зиёди қоидавайронкуниҳоро ошкор намуда, нисбаташон чораҳои маъмурӣ андешида шуд.
Дар ин самт 931 ҳолат барои риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон бо моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ карда шудаанд.
РАҚАМИКУНОНӢ, НИДР ВА ФОНДИ РОҲ
Дар соли 2022 дар вазорат раванди рақамикунонии самтҳои фаъолияти соҳа идома дошта, аз 26 модул дар 4 модул корҳои барномарезии марҳилаҳои аввал ба итмом расида, марҳилаҳои дуввум оғоз гардиданд. Дар 1 модули Рухсатномаҳо (Дазвол) корҳо оғоз гардида марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Вобаста ба ҷараёни амалишавии низоми идоракунии дороҳои роҳ (НИДР), супориши техникӣ оид ба хариди таҷҳизот (ЛОТ-1) таҳия гардида, ба Бонки Осиёгии Рушд барои эълон намудан ирсол карда шудааст.
Вобаста ба масъалаҳои таъсиси Фонди роҳ, шиносномакунии роҳҳои автомобилгард Фармоишҳои дахлдори Вазорат ба тавсиб расида 16 декабри соли 2022 бо машваратчиёни байналмилалӣ вобаста ба Фонди роҳ дар доираи лоиҳаи БОР қарордод баста шуд. Лоиҳаи қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт” ба тасдиќ гардида, аз 1 феврали соли равон корхона ба фаъолият оғоз мекунад.
Дар соҳа 3 Барнома мавриди амалӣ қарор дорад
1. Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025:
Татбиқи Барнома се давраро дар бар гирифта (давраи кутоҳмуҳлат то соли 2015; давраи миёнамуҳлат то соли 2020 ва давраи дарозмуҳлат то соли 2025)
2. Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Вобаста ба Барномаи мазкур дар вазорат бо якчанд Шарикони Рушд ҳамкориҳо идома доранд, аз ҷумла: Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Ҷаҳони ва JICA.
Инчунин бо Ширкати машваратчии Бритонӣ оид ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва коркарди маълумот дар бораи дороиҳои роҳ барои солҳои 2022-2024, моҳи августи соли 2022 қарордод баста шуд.
Айни ҳол бо намояндаи Бонки осиёгии рушд (БОР) мувофиқакунонии хуҷҷатҳои тендерӣ оид ба хариди таҷхизот баррасӣ шудаистода аст.
Ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи зеркомпоненти Лоиҳаи БРАМОМ 4 «НИДР» ҷалби ширкати машваратии байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозӣ ва ҷорӣ намудани НИДР мавриди баррасӣ қарор дорад.
3. Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028:
Мақсади Барнома ин фароҳам овардани самти нави рушди иқтисодӣ дар заминаи ташаккули саноати мошинсозӣ-истеҳсоли нақлиётҳои барқӣ, инчунин шароит барои зиёд кардани шумораи нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист равона гардидааст.