РОҲИ САФЕД! Дар Душанбе Раҳпаймоии VI байналмилалии автомобилӣ шуруъ гардид
25 апрел дар шаҳри Душанбе, дар наздикии чорраҳаи Чорбоғ Роҳпаймоии VI байналмилалии «Корвони дӯстӣ» оғоз пазируфт. Ширкаткунандагони роҳпаймоии автомобилӣ, ки аз ҷониби Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон (ШБР) ташкил карда шудааст, қаламрави панҷ давлат — Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистонро убур хоҳанд кард.
Расми оғози роҳпаймоӣ ба таври мутантан сурат гирифт. Созмондиҳандагони он меҳмонон ва ширкаткунандагонро бо чеҳраҳои болида, суруду мусиқии тоҷикӣ, садои дафу дойра ва карнаю сурнай ва бо нону намак истиқбол гирифтанд. Ддар назди ҳозирин муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода, раиси Шӯрои байниҳукумиатии роҳсозони ИДМ Бӯрӣ Каримов, сафири ҶИЭ Муҳаммад Тақӣ ва намояндаи Сафорати ФР дар ҶТ сухан гуфта, ба ширкаткунандагони роҳпаймоӣ роҳи сафед ва муваффақият орзу намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки роҳпаймоии VI байналмилалии автомобилӣ дар асоси қарорҳои Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, ки дар ҷаласаҳои 43-45-уми Шӯро аз 24 июни соли 2019 дар шаҳри Братиславаи Словакия, 10 сентябри соли 2020 дар шаҳри Саратови Русия ва 9 декабри соли 2022 дар шаҳри Москваи Русия қабул шудааст, инчунин тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Шӯро барои соли 2023 гузаронида мешавад.
Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон аз созмондиҳандагони Роҳпаймоии байналмилалии автомобилӣ буда, он бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон доир мегардад.
Роҳпаймоии автомобилӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон- аз шаҳри Душанбе оғоз мегардад.Сипас, автомобилҳо дар масири Айнӣ — Панҷакент — марзи Тоҷикистон бо Узбекистон — Самарқанд — Навоӣ — Бухоро — марзи Узбекистон бо Туркманистон — Туркманобод — Мари — Ашқобод — марзи Туркманистон бо Эрон — Машҳад — Тӯс — Нишопур — Гургон — Сори — Теҳрон — Табриз – марзи Эрон бо Арманистон — Мегри — Капан – Ереван ҳаракат менамоянд. Тӯли умумии мусобиқаи байналмилалии автомобилӣ тақрибан 4000 километрро ташкил медиҳад.
Роҳпаймоӣ10 май дар пойтахти Арманистн шаҳри Ереван ба поён мерасад.
Дар ҷараёни роҳпаймоӣ ба иштирокдорони он ҷом, медал, диплом, шаҳодатномаҳо, инчунин мукофотҳои Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва идораю созмонҳои соҳавию ҷамъиятӣ, ки роҳпаймоии байналмилалии автомобилиро дастгирӣ мекунанд, супорида мешаванд.
Роҳпаймоии автомобилӣ (автопробег/peleton) аз шумораи зарурии мошинҳо иборат аст ва ҳаракат дар масири пешакӣ муқарраршуда мегузарад. Мошини аввал ҳаракати худро бо дигарон ҳамоҳанг ва ҳаракати бехатарро дар роҳҳои автомобилгард таъмин хоҳад кард. Дар масири ҳаракат нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таваққуфгоҳҳои автомобилӣ пешакӣ муайян карда шудаанд. Дар мошинҳо парчами давлатҳои иштирокчии Роҳпаймоии байналмилалӣ насб карда мешаванд.
Ҳадаф аз ташкили роҳпаймоии автомобилӣ пойга ё мусобиқа набуда, бо риояи тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гузаронида мешавад. Мақсади асосӣ омӯзиши ҳолат, мушкилот ва рушди роҳҳои байналмилалии автомобилӣ, коҳиш додани монеаҳо дар роҳи ҳаракати нақлиет ва мусофирон аст. Дар кишварҳое, ки аз қаламрави онҳо хатсайр мегузарад, бехатарии иштирокчиёнро хадамоти милитсия (политсия) ва “Ёрии таъҷилӣ”-и тиббӣ таъмин мекунанд.
Дар асоси натиҷаҳои Роҳпаймоии автомобилӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ омода кардани гузориши ниҳоӣ ва чопи силсилаи мақолаҳо бо таҳлили мушкилоти асосӣ ва тавсияҳо оид ба такмили роҳҳои байналмилалии автомобилӣ, нақлиёти байналмилалии автомобилӣ ва расмиёти убури марзҳо дар масири автопробег ба нақша гирифта шудааст.
Илова бар ин, китоби алоҳида мунташир ва маҷаллаю видеофилмҳо омода карда, пешниҳодҳо оид ба беҳдошти ҳолати роҳҳои хатсайри Ройпамоии байналмилалӣ таҳия сохта мешаванд.
Роҳпаймоии байналмилалӣ имкон медиҳад, ки ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ васеъ карда шавад.