Таҷлили Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ дар Вазорат
Бахшида ба Рўзи кормандони наќлиёти автомобилї25 июл дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки дар он собиқадорони соҳа, кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз минтақаҳо ва чамъиятҳои нақлиётӣ ва меҳмонони фахрӣ ширкат намуданд.
Сараввал Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳозиринро ба ифтихори ин иди касбӣ табрик гуфта, аз таърихи таъсиси он, муваффақиятҳои бадастомада дар соҳа дар даврони Истиқлоли давлатӣ мисолҳо овард.
Сипас, собиқадорони соҳа — собиқ вазирони нақлиёти кишвар Фаррух Муҳиддинов, Абдураҳим Ашур, Олимҷон Бобоев, адиби шинохта Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, собиқадори соҳа Робия Завқиева ва раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи ҷумҳуриявии кормандони соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо Нисо Бобоева ҳозиринро бо иди касбиашон табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо таманно намуданд.
Дар фарҷоми кори ҷаласа як қатор фаъолони соҳаи нақлиёти автмобилӣ барои саҳами арзандаашон дар пешрафти кори соҳа ва ба ифтихори Рузи кормандони соҳаи нақлиёти автмобилӣ бо Нишони сарисинагии “Нақлиётчии фахрӣ”, Ифтихорнома” ва Сипосномаи Вазорати нақлиёт сарфароз гардонда шуданд.
ТАБРИКОТИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бахшида ба Иди касбии кормандони соҳа
Санаи нашр: 25-07-2023Просмотрено: 40
Ҳамкорону ҳамкасбони азиз, собиқадорони соҳаи нақлиёт!
Имрӯз Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ аст, иди касбии мову шумо, ки таҷлили он дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Таърихи таҷлили ин ҷашн аз он сарчашма мегирад, ки 25 июли соли 1939 қарори махсуси Комиссариати халқии РСС Тоҷикистон оид ба ташкили сохторҳои нақлиёти автомобилӣ ба тасвиб расида, тибқи муқаррароти он ҳамаи хоҷагиҳо, муассисаҳои автомобилӣ ва корхонаҳои таъмири автомобилӣ муттаҳид карда шуданд. Баъдан ин сохтор мунтазам ташаккул ёфта, ба таври расмӣ ҳамчун як қисми таркибии шабакаи нақлиётии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ шинохта шуд.
Вобаста ба қарори болозикр 25 июл иди касбии нақлиётчиён қабул гардида, имсол мову шумо маротибаи 84-ум онро ҷашн мегирем.
Ҳамкорони арҷманд!
Аз воқеаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар огаҳӣ дорем, ки чӣ гуна баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ сохтори нақлиётии кишвар пароканда гардида, идоракунии мутамарказии соҳа қариб аз байн рафта буд. Чун 93 дарсади кишвари моро кӯҳсор ташкил медиҳад, барои истифодабарии нақлиёти автомобилӣ эҳтиёҷот зиёдтар аст. Аз ин лиҳоз, беш аз 93,8% борҳо ва 96,7% мусофирон бо ин намуд нақлиёт интиқол дода мешаванд. Бо назардошти ин дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти соҳа ҳалли вазифаҳои бениҳоят мушкили марҳилаи нави таърихии рушди иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла зарурияти аз нав бунёд намудани инфрасохтори соҳаи наќлиёт ба миён омада буд.
Бинобар ин, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишаврамон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиётӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, чунин зикр намуданд:
“Мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиёти ҷумҳурӣ дар шароити куҳсори Тоҷикистон, ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ, ба хусус нақлиёти автомобилӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад. Пайваста инкишоф ёфтани соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққиёти ҳамаи бахшҳои иқтисодии ба он алоқаманд мусоидат карда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтаршавии муҳити иҷтимоиро дар ҷомеъа таъмин менамояд”.
Дар ин раванд, рушди инфрасохтори соҳа дар доираи Барномаҳои давлатии рушди соҳа ва стратегияи миллии кишвар роҳандозӣ гардида, айни ҳол Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025, Барномаи ҷорӣ намудани Низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДРА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумњурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 қабул гардида, дар марҳилаи татбиқшавӣ қарор доранд.
Дўстони азиз!
Соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба пешравиҳои зиёд ноил гардид. Агар то солҳои 2000-ум миқдори корхона ва муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ ангуштшумор буданд, айни ҳол 2020 субъекти хоҷагидор дар бозори нақлиёти автомобилӣ, ки дар асоси иҷозатнома фаъолият менамоянд, ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин теъдод 227 корхонаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла, 83 мусофирбар, 78 боркаш, 66 омехта (бор ва мусофир), инчунин 44 терминали мусофирбар, 7 терминали боркаш, 74 таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва 1668 нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва таъмир мебошад.
Ҳамзамон аз шумораи умумии 53 313 воситаи нақлиёти дар иқтисодиёт истифодашаванда 7715 ададро воситаҳои нақлиёти мсофирбар, 21 400 ададро нақлиёти боркаш ва 24 198 ададро нақлиёти автомобилии сабукрав ташкил медиҳад.
Шумораи умумии хатсайрҳои мусофирбарӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 962 адад мебошанд, аз ҷумла, 182 шаҳрӣ, 614 наздишаҳрӣ, 136 байнишаҳрӣ ва 30 байналмилалӣ.
Ширкатҳои нақлиёти ватании байналмилалӣ дар ҳамбастагӣ бо ассотсиатсияҳои байналмилалии боркашонии “АВВАТ” ва “АIАТТ” тибқи созишномаҳои дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ бо 15 кишвар ва дар маҷмўъ дар асоси созишномаҳои байналмилалии дуҷонибаю бисёрҷониба бо 40 кишвари хориҷҷии дуру наздик ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро таъмин намуда, ҳиссаи ширкатҳои нақлиёти ватанӣ дар ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ 71%-ро ташкил менамояд.
Ҳамкасбони гиромӣ!
Ташкили дурусти фаъолияти нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар ва ба роҳ мондани фаъолияти бонизому самарабахш яке аз вазифаҳои ҳалталаби соҳа буда, имрўзҳо ҳиссагузории бахши хусусӣ ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон баръало назаррас аст.
Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе, бо истифода аз механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо ҶДММ “Авесто гуруҳ” татбиқи Низоми пардохти ғайринақдии (электронӣ) ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми пойтахт амалӣ намуданд, ки татбиқи низоми мазкур дар ҳамаи хатсайрҳои мусофирбарии пойтахт, аз ҷумла хатсайрҳои микроавтобуси низ дар назар аст.
Бо ҷорӣ гардидани низоми ғайринақдӣ дар кишвар ин масъала ҳалли пурраи худро хоҳад ёфт.
Ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои калону хурди саноатӣ, аз ҷумла заводи истеҳсоли автобусҳо дар шаҳри Душанбе дар самти саноатикунонии мамлакат ва амалигардии ҳадафи чоруми стратегӣ мусоидат хоҳад намуд. Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” дар шаҳри Душанбе корхонаи муштарак бо иқтидори истеҳсоли 250-300 автобус дар як сол фаъолият дорад.
Яке аз хусусиятҳои рақобатнокии автобусҳои истеҳсолшаванда дар он аст, ки ҳамаи тамғаҳои автобусҳои “Акиа” бо истифода аз технологияи муосир истеҳсол шуда, ба талаботи меъёрҳои байналмилаӣ (ЕВРО-5) мутобиқ карда шудаанд. Дар дурнамои наздик заводи мазкур ба нақша гирифтааст, ки истеҳсоли микроавтобусҳо ва автомобилҳои боркашро низ ба роҳ монад.
Дӯстони азиз!
Имрўз кормандони соҳаи нақлиёт дар рушди тамоми соҳаҳо ва ободии кишвари азизамон саҳми арзанда дошта, бо ташкил намудани корхонаҳои нақлиётӣ ҳазорон нафарро соҳиби ҷои кор ва бо меҳнати софдилонаи худ мавқеъ ва обрўву эътибори хоса пайдо кардаанд. Ба низом даровардани ҳаракати нақлиёти боркашу мусофирбар аз ҷониби ХДНТ дар соҳаи нақлиёт, ташкили марказҳои логистикӣ дар доираи фаъолияти МД “НАХЛ”, таъсиси КВД “Рақамикунонии соҳаи нақлиёт” аз қабили чунин дастовардҳоянд.
Боиси хушнудист, ки дар арафаи таҷлили Иди касбии нақлиётчиён Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланди Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ пешниҳод ва дагстгирӣ ёфт.
Дар умум пешравиҳои нақлиётчиён дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зиёданд. Аз ин хотир, барои заҳматҳо дар пешрафти кори соҳа ба ҳамаи онҳое, ки саҳми худро дар рушди соҳа софдилона гузоштаанд, арзи сипос менамоям.
Имруз ба зиммаи нақлиётчиён вазифаи муҳим — ба кишвари муосири транзитӣ табдил додани Тоҷикистон вогузор гардидааст ва итминони комил дорам, ки дар ҳамбастагӣ ва заҳмати софдилона таҳти ҳидоятҳои Сарвари хирадманди давлатамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи ин вазифаи пурмасъул низ сарбаландона хоҳем баромад.
Дар охир Иди касбии кормандони соҳаи нақлиёти автомобилиро ба ҳамаи шумо, собиқадорон ва кормандони имрўзаи соња табрик гуфта, барои ҳамаатон сиҳатмандӣ, хотири ҷамъ, саодату хушбахтӣ ва аз ҳама муҳим фазои орому осоиштаро дар кишвари азизамон Тоҷикистон таманно менамоям ва дар фаъолияти пурифтихоратон комёбиҳо хоҳонам.
Бори дигар иди касбиатон муборак, ҳамкасбони азиз!