ЗАМОНИ ТАҲАВВУЛ. Вазоратҳои нақлиёт ва кишоварзӣ дар самти рақамикунонӣ табодули таҷриба намуданд
Айни замон дар тамоми соҳаҳои Тоҷикистон масоили татбиқ намудани технологияҳои нав ҳал карда мешаванд. Ҳафтаи гузашта дар давоми чанд рӯз намояндагони КВД «Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ»-и Вазорати кишоварзӣ бо мақсади шиносоӣ бо таҷриба дар соҳаи рақамикунонӣ ба КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёт ташриф оварданд.
Дар доираи сафари корӣ вохӯриҳо бо роҳбарият ва кормандони масъули Вазорати нақлиёт, воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеи он, аз ҷумла КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» ва МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» баргузор гардиданд.
Директори КВД «Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ» Изатулло Асадуллозода иброз намуд, ки корхонаи мазкур навтаъсис буда, айни замон барои рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ корҳои ташкилию ҳуқуқӣ, фаъолияти ҳамоҳангсозӣ ва омӯзиши таҷрибаи муосирро ба роҳ мондаанд.
Директори КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» Суҳроб Ёқубзода ҳозиринро бо фаъолияти марказ ва дастовардҳои соҳа ба тариқи рӯнамо шинос намуд.
Зикр гардид, ки КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 №617 таъсис дода шудааст, низ навтаъсис буда, айни замон дар он тибқи басти вазифаҳои тасдиқкардашуда 11 нафар мутахассисон ва 3 нафар таҷрибаомӯзон фаъолият доранд, ки аз ин шумора 7 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.
КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» пеш аз ҳама ба татбиқ ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва телематикӣ барои ҳамоҳанг ва содаю пурсамар ва бехатар гардонидани фаъолияти субъектҳои хоҷагидори марбут ба соҳаи нақлиёт ва роҳ, новобаста аз шакли моликияташон, замина гузоштааст.
Бо маќсади ташкили раќамикунонии соњаи наќлиёт ва роњ Марказ фарогирии пурраи нишондињандањои омории соња, истифодаи самаранок ва мақсадноки техника ва механизмњои роњдорї, маблаѓњои буљетии ба соња равонагардида, назорати фаъолияти воситањои наќлиёти боркаш ва мусофирбари истифодаи умум, шиносномакунии роњњои автомобилгард ва иншооти онро таъмин менамояд.
Меҳмонони Вазорати кишоварзӣ бо ҷараёни шиносномакунии роҳҳо (ба ибораи дигар, баҳисобгирии рақамии дороиҳои роҳ), ки Вазорати нақлиёт онро бори аввал дар таърихи кишвар моҳи сентябри соли гузашта бо дастгирии Бонки Осиёии рушд оғоз кардааст, таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Шиносномакунӣ тавассути системаи муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо ROMDAS ва бо истифода аз таҷҳизоти муосир гузаронида мешавад, ки он аз ҷониби ширкати Зеландияи Нав харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ ворид сохта, дар автомобили сабукрави тамғаи TOYOTA-PRADO насб карда шудааст.
Намояндагони Вазорати кишоварзии ҶТ инчунин бо методологияи бунёди ҳамкории электронии байнисоҳавӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо, таъмини дастрасии баробар ба технологияҳои рақамӣ, алоқаи электронӣ ва почта барои робита бо аҳолӣ, феҳристҳои гуногуни давлатӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои амнияти кибернетикӣ шинос шуданд.