Дар Самарқанд Ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба долонҳои нақлиётии рақамӣ баргузор шуд
дар Самарқанд Ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба «Долонҳои нақлиётии рақамӣ» ба кор шурӯъ кард. Он дар доираи Форуми 11-уми Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба содда кардани расмиёти савдо (APTFF) гузаронида мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамоиш муовини Вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода намояндагӣ мекунад.
Рӯзи аввали форумро муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Жасурбек Чориев кушод. Дар ин рӯз иҷлоси алоҳида бахшида ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ ва фаромарзӣ дар соҳаи нақлиёт ва технологияҳои рақамӣ ҳангоми ташаккули долонҳои устувори нақлиётӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа мубодилаи афкор ва таҷриба дар истифодаи технологияҳои рақамӣ барои эҷоди долонҳои нақлиётии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва устувор сурат гирифт ва зарурати ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла дар таҳия ва идоракунии долонҳои нақлиётии рақамӣ баррасӣ карда шуд.
Дар ҳамоиш муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон Бекҷон Рисмендеев, муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода, муовини Роҳбари дастгоҳи Вазорати рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон Бахтиёр Мамедов, директори Маркази рақамикунонӣ ва хизматрасониҳои давлатии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Сергази Омаш, раиси Маркази Созмони Милали Муттаҳид оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва амалиёти тиҷорати электронӣ (UN/ CEFACT) хонум Сю Проберт иштирок ва суханронӣ намуданд.