KAZANFORUM 2024. Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба рушди долонҳои мултимодалии нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ

KAZANFORUM 2024. Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба рушди долонҳои мултимодалии нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ

17 май дар пойтахти Тотористон, дар доираи Форуми XV байналмилалии иқтисодии «Русия — ҷаҳони ислом: KazanForum 2024»,  дар мавзӯи «Рушди долонҳои байналмилалии нақлиётии мултимодалӣ, ки аз қаламрави кишварҳои Осиё ва Шарқи Наздик мегузаранд» ҷаласаи пленарӣ доир гардид. Дар он Вазири нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок ва суханронӣ кард.

 Мудирияти ҷаласаи мазкурро Президенти Академияи нақлиёти Русия Александр Мишарин бар уҳда дошт.

Дар ҷаласа муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин суханронӣ кард.

 «Рушди долони нақлиётии “Шимол-Ҷануб” яке аз лоиҳаҳои муҳимтарин дар кишвари мо мебошад. — гуфт ӯ. — Он ба якчанд ҷузъҳо тақсим мешавад. Ин маънои онро дорад, ки баҳри Хазар аз ғарб тавассути Озарбойҷон ва Эрон ба халиҷи Форс мебарояд. Инчунин, аз шарқ тавассути Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон ба халиҷи Форс роҳ дорад. Роҳи шарқии баҳри Хазар ҳамгироии Осиёи Марказиро тавассути шоҳроҳҳои нақлиётӣ  бо Федератсияи Русия  таъмин месозад».

 Муовини Сарвазири Русия мушаххас кард, ки сухан дар бораи рушди роҳҳои оҳан, автомобилгард ва роҳҳои баҳрӣ меравад.

Вай инчунин аҳамияти баланди алоқаи автомобилӣ бо Тоҷикистон, Узбекистон, Афғонистон ва Покистонро таъкид кард.

 «Ҳамкасбон, вазирон, намояндагони ин кишварҳо, ки ба ҳамкорӣ манфиатдоранд, дар ин ҷо бо мо ҳастанд. Мо аллакай борҳо вохӯрдаем. Ҳоло бояд қобилияти долонҳои нақлиётиро ҳамоҳанг созем ва афзоиш диҳем, то интиқоли борҳоро суръат бахшида тавонем. Дар давоми як соли охир ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар кишвари мо 18 дарсад афзудааст. Илова бар ин, мавзӯъи мазкурро худи Президент (В.Путин) таҳти назорати махсус  қарор додааст», – гуфт Марат Ҳуснуллин.

Тотористон ба рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ (ДБН) ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна манфиатдор аст. Дар ин бора Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов низ зимни суханронии худ дар ҷаласа изҳор дошт.

«Мо маҳсулоти зиёд мебарорем, бинобарин ба бозорҳо ниёз дорем… Ҳамаи ин долонҳои нақлиётӣ барои мо хеле муҳиманд. Мо дар ин саамт бо Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон фаъолона кор мекунем» — гуфт ӯ.

Рустам Миннихонов таъкид кард, ки масъалаи рушди ин долонҳо барои Русия ҳоло беш аз пеш муҳим аст.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни суханронӣ дар ҷаласа тазаккур дод, ки дар шароити муосир долонҳои байналмилалии нақлиётӣ дар рушди шабакаи нақлиётӣ миёни кишварҳо ва минтақаҳо нақши муҳим дошта, ба таҳкими ҳамкорӣ ва ташаккули робитаҳои нави иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамоянд. Ва ин як ҷузъи муҳими рушди устувори ҷаҳонӣ низ мебошад.

 «Мавқеи ҷуғрофӣ ва геоиқтисодии кишвари мо иқтидори бузурги транзитиро ба вуҷуд меорад. — гуфт ӯ. — Тоҷикистон иштирокчии фаъоли конвенсияҳо ва барномаҳои байналмилалӣ, ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, барои рушди нақлиёт тамоми кӯшишро ба харҷ  медиҳад ва ба кишвари муносиби транзитӣ табдил ёфтанро ҳадафи стратегии худ қарор додааст».

 Сипас Вазир муфассал ба маълумоти ҳозирин расонид, ки феълан дар ҷумҳурӣ 10 долони афзалиятноки савдо ва транзит муайян карда шудааст, ки  қаламрави ҷумҳурии моро аз шарқ ба ғарб ва аз шимол ба ҷануб убур мекунанд.

 Ба гуфтаи Вазири нақлиёти ҶТ, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди долонҳои мултимодалии иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро бо мамолики Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, Туркия ва давлатҳои Аврупо мепайвандад ва ба бандарҳои баҳрӣ роҳ мекушояд, таваҷҷуҳи махсус медиҳад.

 Дар ин замина, тавре Вазири нақлиёти ҶТ ба ҳозирин иттилоъ дод, ҷиҳати истифодаи самараноки долони «Тоҷикистон – Узбекистон –Туркманистон – Эрон–Туркия», ки бартарии он таъмини кӯтоҳтарин хатсайр аз сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои номбурда мебошад ва ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад, корҳо фаъолона идома доранд.

Ин гузаргоҳи байналмилалии мултимодалӣ Чинро бо кишварҳои  масири “Шимол – Ҷануб”, яъне уқёнуси Ҳинд ва халиҷи Форсро бо баҳри Хазар тавассути Эрон мепайвандад.

«Масири “Шимол-Ҷануб” ба афзоиши робитаи кишварҳои ҳамсоя дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат мекунад, рушди ҳамлу нақли муназзам, саривақтӣ ва самарабахши молҳоро дар байни онҳо таъмин месозад, — таъкид намуд Азим Иброҳим.  — Тоҷикистон, ки аҳамияти ин хатсайрро дарк кардааст, соли 2004 тасмим гирифт, ки ба он ҳамроҳ мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки масири «Шимол-Ҷануб» ба густариши иқтидори транзитии минтақа мусоидат мекунад».

Бо мақсади рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва суръат бахшидан ба раванди ҳамгироии системаҳои миллии нақлиётӣ бо долонҳои байналмилалии  баҳри Хазар, таъмини ҳаракати озоди одамон, молҳо ва хизматрасониҳо, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба шарикони рушд ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ пешниҳод намуд, ки имкониятҳои маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои кишвар, аз ҷумла соҳаи нақлиёту логистика, инчунин ба лоиҳаҳои сохтмон ва навсозии иншооти инфрасохтори нақлиётӣ ва канори роҳҳо, бахусус дар долонҳои байналмилалии нақлиётӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор диҳанд.

Ба гуфтаи Вазир, дар солҳои наздик, дар асоси Барномаи давлатии рушди низоми логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 дар кишвар сохтмони якчанд маҷмааҳои логистикии дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои сохтмони ин иншоот лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 100,6 млн. доллари ИМА омода карда шудаанд.

«Нақлиёти роҳи оҳан низ аз муҳимтарин соҳаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар қонеъ сохтани талаботи иқтисодиёт ва аҳолии мамлакат ба ҳамлу нақли бору мусофирон нақши муҳим дорад», — изҳор намуд Азим Иброҳим  ва афзуд, ки 70% борҳои воридотӣ  ва содиротии мамлакат маҳз тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар соҳаи роҳи оҳан низ беш аз 10 лоиҳаи муҳими рушд ба маблағи умумии 7 миллиарду 454 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА мавҷуд аст.

Ёдовар мешавем, ки Форуми XV байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum 2024» аз 14 то 19 маи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия сурат гирифта, мавзӯи асосии он – «Эътимод ва ҳамкорӣ», ҳадафи асосии он – таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоию фарҳангии минтақаҳои Федератсияи   Русия ва кишваҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистн низ яке аз аъзои он аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *