АЗ ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ«ҚУЛМА-ҚАРОСУ» РАСО 20 СОЛ СИПАРӢ ШУД. Ба ин муносибат дар ноҳияи Мурғоб ҳамоиши идона баргузор гардид
Имрӯз, 22 май, дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҳамоиши идона бо иштироки роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва ВМКБ ва намояндагони Ноҳияи худмухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба 20- солагии ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии (ГС) «Кулма – Қаросу» доир гардид.
Иштирокчиёни ҳамоиш, ки онро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ доир кард, сараввал бо фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии «Кулма –Қаросу», ки дар сарҳади ВМКБ-и Тоҷикистон ва Ноҳияи худмухтори Синзян-Уйғури Чин, дар баландии 4362 метр аз сатҳи баҳр ва дар масофаи 80 километр аз маркази ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст, аз назик шинос шуда, сипас ба маркази ноҳияи Мурғоб раҳсипор гардиданд ва дар он ҷо аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-солагии ифтитоҳи ГС «Кулма –Қаросу» ширкат варзиданд.
Маҷлисро Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ифтитоҳ намуда, тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон буда, ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Роҳбарони аввали кишварҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳо, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, муносибатҳои дӯстона ва анъанавии халқҳои ҳарду давлат пайваста густариш меёбанд.
Зимни суханронӣ дар маҷлис муовини Волии (губернатори) ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур (НХСУ)-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Хунмей зикр кард, ки гузаргоҳи «Кулма –Қаросу», ки 20 сол пеш, 25 маи соли 2004 дар марзи Ноҳияи худмухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта буд, имрӯз ҳамчун нуқтаи асосӣ барои воридоту содироти молу маҳсулот ва рушди робитаҳои тиҷоратӣ истифода бурда мешавад.
Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода дар суханронии худ иброз дошт, ки фаъолияти ин гузаргоҳ, ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ миёни кишварҳо дар доираи созишонмаҳои байниҳукуматии ҷонибҳо «Оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» (аз соли 2008) ва «Дар бораи нуқтаҳои гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин ва реҷаи кории онҳо» (аз соли 2011) дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
«Ҳаҷми боркашонӣ тавассути гузаргоҳи «Қулма-Қаросу» сол аз сол афзоиш ёфта, соли 2023 ҳамлу нақли бор 472 ҳазору 852 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 (170 576 тонна) ба миқдори 302 276 тонна ё 2,5 баробар зиёд мебошад. Дар сурати таъмин намудани инфрасохтор ва шароити зарурӣ ҳаҷми боркашонӣ дар ин самт метавонад боз ҳам бештар гардад,- гуфт Ш. Саидмурозода, — Аз ин рӯ, бо мақсади боз ҳам самаранок истифода бурдани ин гузаргоҳ, аз ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин «Дар бораи нуқтаҳои гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин ва реҷаи кории онҳо» таҳия ва пешниҳод гардид, ки фаъолияти шабонарӯзии гузаргоҳро бидуни рӯзҳои истироҳат, ид ва рӯзҳои таътил пешбинӣ менамояд».
Илова бар ин, бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, дар доираи Комиссияи муштарак оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки моҳи ноябри соли 2023 дар Урумчӣ баргузор гардида буд, тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ бо ворид намудани тағйирот ба созишномаи дуҷониба «Оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» гузариши транзитӣ аз ҳудуди кишварҳо ва интиқоли бор ба/аз давлатҳои сеюм амалӣ гардад. Айни замон масъали мазкур ба сатҳи ниҳоӣ расида, расмиёти дохилидавлатӣ давом дорад.
Сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин ба лоиҳаҳои соҳаи нақлиёти Тоҷикистон соли 2006 оғоз гардида, то имрӯз бомуваффақият идома дорад.
Бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо иштироки ширкатҳои паймонкори Чин як қатор лоиҳаҳои стратегии сармоягузорӣ, аз ҷумла «Сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди “Душанбе — Хуҷанд- Бустон — Чаноқ”» (ба маблағи 216,1 млн.доллари ИМА), «Сохтмони нақби автомобилгарди Шаҳристон»,«Сохтмони роҳи автомобилгарди “Душанбе — Данғара”», «Таҷдиди қитъаи роҳи автомобилгарди “Душанбе — Кулма”» иборат аз 347 км ва ғайра амалӣ гардиданд..
Бо кумаки молиявии Ҷумҳурии Мардумии Чин айни ҳол яке аз мушкилтарин қитъаҳои шоҳроҳи «Душанбе-Қулма», яъне қитъаи роҳи «Қалъаихумб-Ванҷ-Рӯшон» ба маблағи умумии 204 млн. доллари ИМА мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор дорад, ки ба рушди минбаъдаи долони навтаъсис ва мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия» мусоидат хоҳад намуд.
Муовини Вазири нақлиёти ҶТ мутазаккир шуд, ки истифодаи ин долон нисбат ба долонҳои мавҷуда аз ҷиҳати кутоҳ гардидани масофа ва коҳиш ёфтани арзиши ҳамлу нақли бор дар мусбӣ бартарӣ дошта, эҳёгари Роҳи бузурги абрешим мебошад ва аз нигоҳи дигар барои ҳамгироии иқтисодии минтақа шароити мусоид фарҳам меорад.
Дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ ба ишипрокчиёни он филми кутоҳметраж бахшида ба фаъолияти ГС «Кулма- Қаросӯ» аз оғози фаъолияташ то имрӯз ва барномаи ҳунарии санъаткорони ноҳияи Мурғоб пешкаш карда шуд.
Хотиррасон мешавем, ки моҳи августи соли 2023 дар доираи сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумщурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи номаи табодулӣ дар бораи сохтмону азнавсозии роҳ ва 4 эстакадаҳои нав дар пойтахт, таъмиру азнавсозии гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу», азнавсозӣ ва сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуѓнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон то гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу» ба имзо расид.