ДЕМО-ТРЕНИНГ. Иштироки намояндагони соҳаи нақлиёт ва логистика дар омӯзиши намоишӣ

ДЕМО-ТРЕНИНГ. Иштироки намояндагони соҳаи нақлиёт ва логистика дар омӯзиши намоишӣ

22 июни соли 2024 дар Маркази бозомӯзӣватакмилиихтисосиМуассисаидавлатии«Нақлиётиавтомобилӣвахизматрасониилогистикӣ»-и Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Идоракуниимарказҳоилогистикӣва беҳинасозии (оптималикунонии) корҳодаранборҳо» демо-тренинг баргузор шуд.

    Омӯзиши намоишӣ (демо-тренинг) дар доираи нақшаи тадобири муштарак, ки байни  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ЮСАИД (Агентии рушди байналмилалии  ИМА(USAID)  оид ба савдо дар Осиёи Марказӣ ва дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Донишкадаи логистика ва нақлиёт   (CILT)-и  Британияи Кабир  дар Осиёи Марказӣ таҳия ва тасдиқ шудааст, роҳандозӣ гардид.

Дар омӯзиши намоишии мазкур 20 нафар шунавандагон аз ҳисоби кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони кафедраҳои «Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт», «Иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, инчунин роҳбарони ширкатҳои нақлиётию логистикӣ, аз ҷумла ООО «АВАС Логистик», «Логистик компаний» (Logistic company), Ассотсиатсияи нақлиёти автомобилии байналмилалии (АIАТТ) Тоҷикистон ширкат намуданд.

Мавриди зикр аст, ки демо-тренинг аз ҷониби мураббиёни (тренерони) Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси муассиса, ки дорои сертификати CILT дар Осиёи Марказӣ мебошанд, доир гардида, дар ҷамъбасти чорабинӣ ба иштирокчиён сертификат супорида шуд.

Хотиррасон мешавем, ки МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №335 аз 5 июли соли 2017 таъсис дода шудааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №503 аз 28 октябри соли 2023 «Барномаи давлатии рушди низоми логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2028» қабул гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *