САФАРИ САРВАЗИРИ ҶИП. Тоҷикистон ният дорад ба бандарҳои баҳрии Покистон роҳ ёбад
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар доираи ин сафар мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба нақша гирифта шуда, маҷмӯи васеи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ карда мешаванд.
Ба ифтихори ташрифи меҳмони олӣ дар бораи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаи нақлиёт мавод пешниҳод менамоем.
Соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба буда, Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо дар ин самт, бахусус ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрии Покистон тавассути ташкили долонҳои транзитӣ ва нақлиётӣ омода аст.
Ба роҳ мондани интиқоли бор ба воситаи нақлиёт омили рушди тиҷорат ва ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар номида шудааст.
Моҳи майи соли 2023 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро «Дар бораи савдои транзитӣ» ба тасвиб расонид.
Созишномаи мазбур 14 декабри соли 2022 дар ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон имзо шуда буд.
«Дар соҳаи нақлиёт мо бори дигар омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷиҳати вуруди Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадар дар Покистон таъкид кардем», — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба натиҷаҳои ин сафар.
Яке аз ҳадафҳои асосии санади имзошуда рушди тиҷорат ба василаи интиқоли транзитӣ тавассути қаламрави Покистон мебошад. Созишнома имкониятҳои иловагиро барои баромадан ба бандарҳои баҳрии Қарачӣ ва Гвадари Покистон фароҳам меорад ва бо ҳамроҳшавӣ ба долонҳои иқтисодии Чин ва Покистон ба интиқоли мультимодалӣ мусоидат мекунад.
Созишнома, аз як тараф, агар ба густариши ҷуғрофияи интиқоли бор нигаронида шуда бошад, аз тарафи дигар, ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҶТ — табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари транзитии минтақа боис хоҳад гардид.
Ҳукумати Покистон чунин созишномаҳоро бо ҳукуматҳои баъзе кишварҳои дигар, аз ҷумла бо Ҳукумати Узбекистон низ ба имзо расонидаст.
29 ноябри соли 2023 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Душанбе бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Сарвар мулоқот доир кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи нақлиёт мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки системаи нақлиётӣ шароити рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва сифати зиндагии аҳолиро муайян намуда, дар рушди муносибатҳои байни кишварҳо нақши муҳим мебозад.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дод, ки ҳамкории дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар асоси ду созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон – «Дар бораи нақлиёти байналмилалии автомобилӣ» ва «Дар бораи савдои транзитӣ» амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Тоҷикистон ва Покистон дар доираи узвият дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва уқёнуси Ором (ESCAP; ЭСКАТО), Барномаи ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (CAREC), Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ва ғайра ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ба роҳ мондаанд.
Вазир илова намуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ барои густариши ҳамкорӣ бо Покистон дар соҳаи нақлиёт омода аст.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Сарвар аз мулоқот бо Вазири нақлиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин тавсеаи минбаъдаи ҳамкориро муҳим номид.
Моҳи апрели соли 2024 Тоҷикистон ва Покистон Ёддошти тафоҳумро оид ба ҳамкории транзитӣ ва тиҷоратӣ имзо карданд. Ҳуҷҷат дар натиҷаи гуфтушунидҳо байни Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Мудири кулли ширкати пешбари мултимодалии логистикии Ҷумҳурии Исломии Покистон National Logistics Cell (NLC) Фаррух Шаҳзод Рао ба имзо расид.
Мулоқот ба муҳокимаи масъалаҳои рушди ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми интиқоли борҳои автомобилӣ байни ду кишвар дар доираи Созишномаи байни ҳукуматҳои ду кишвар моҳи декабри соли 2022 имзошуда «Дар бораи савдои транзитӣ» бахшида шуд.
Тибқи Ёддошти тафоҳум, тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, логистика ва савдои транзитӣ, рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва контейнерӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ барои таъмини амният ва мусоидат ба ҳамлу нақли бор, баргузории вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо, конфронсҳо ва намоишгоҳҳо, корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, табодули таҷриба, ташкили намояндагиҳои тарафҳо дар давлатҳои якдигар, ташкили инфрасохтори логистикӣ ва хизматрасониҳои роҳ ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Ёддошти тафоҳумро дар ҳузури Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар Директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» — м Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмиддин Саломзода ва Мудири кулли ширкати миллии логистикӣ («National Logistics Cell», NLC) — и Ҷумҳурии Исломии Покистон Фаррух Шаҳзод Рао имзо карданд.
1 апрели соли 2024 дар Душанбе маросими қабули нахустин қатори мустақими борҳои дуҷониба дар доираи Созишнома «Дар бораи тиҷорати транзитӣ» байни Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид. Дар маросими қабули қатори автомобилҳо Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, Сафири Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар ва Мудири кулли ширкати покистонии NLC Фаррух Шаҳзод Рао иштирок карданд. Маросим барои намоиш додани аҳамияти аввалин қатори молҳое, ки аз Покистон ба Тоҷикистон дар доираи созишномаи дуҷониба оид ба тиҷорати транзитӣ ва низоми бисёрҷонибаи нақлиёти байналмилалии автомобилӣ (TIR) оварда шудаанд, ташкил карда шуд.
Қобили зикр аст, ки ин иқдом ӯҳдадории ҳарду кишварро ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва тавсеаи имкониятҳо барои ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ба намоиш гузошт.
Омадани аввалин қатори мустақими автомобилии молҳо барои ҳамкориҳои минбаъда ва рушди муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон дурнамои нав боз мекунад. Покистон ба муносибатҳо бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи калон зоҳир мекунад ва дар онҳо имконияти таҳкими ҳамгироӣ ва робитаҳои минтақавиро мебинад. Покистон аҳамияти муносибатҳои дӯстона бо Тоҷикистонро ҳамчун ҳамсояи калидӣ ва дарвозаи Осиёи Марказӣ таъкид мекунад.
Мудири кулли NLC Фаррух Шаҳзод Рао таъкид кард, ки «ин ҳамкории нави тиҷоратии азҷониби NLC пешниҳодшуда на танҳо ба ҷомеаи тиҷоратии ду кишвари бародар манфиат меорад, балки инчунин барои тиҷорат ва робитаҳои минтақавӣ уфуқҳоинав мекушояд».
NLC ширкати пешбари логистикии мултимодалии Покистон мебошад, ки бо афзоиши тиҷорат ва робитаҳои минтақавӣ тавассути идоракунии 5 бандари баҳрӣ, 6 терминали сарҳадӣ, 14 истгоҳи транзити борҳо ва поркҳои зиёди логистикӣ дар саросари кишвар машғул аст.
NLC дорои бузургтарин порки нақлиёти автомобилӣ дар Покистон аст; он 5000 мошини боркаш ва инчунин 10 локомотив барои қатораҳои боркашро дарбар мегирад.
Афзоиши ахири тиҷорати байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Покистон ба имкониятҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ишора мекунад. Дар соли 2023 ҳаҷми тиҷорати байни кишварҳо 53 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод, ки нисбат ба як соли пеш зиёда аз 60% бештар аст.