Табрикоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ
Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ, ки 24 июл дар Вазорати нақлиёт баргузор гардид, Вазири нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳозиринро бо иди касбиашон табрик гуфт.
Дар зер матни суханронии Вазир пешниҳод мегардад.
Меҳмонони гиромиқадр, собиқадорони соҳаи нақлиёт!
Ҳамкасбони азиз!
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳамчун иди касбӣ таҷлил гардида, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҷашнгирии он дар фазои орому осоиштаи кишвар ва ягонагию ваҳдати миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Агар ба таърих назар андозем, таҷлили ин ҷашн аз он сарчашма мегирад, ки маҳз дар ҳамин рӯз, 25 июли соли 1939, қарори махсуси Комиссариати халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба ташкили сохторҳои нақлиёти автомобилӣ ба тасвиб расида, тибқи муқаррароти он ҳамаи хоҷагиҳо, муассисаҳо ва корхонаҳои таъмири автомобилӣ мутаҳид карда шуданд. Баъдан ин сохтор мунтазам ташаккул ёфта, ба таври расмӣ як қисми таркибии шабакаи нақлиёти Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шуд.
Дар асоси қарори мазкур ҳамасола 25-уми июл Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Ҳозирини гиромӣ,
Ҳамаи мо аз воқеаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар огаҳӣ дорем, ки чӣ гуна баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ сохтори нақлиётии кишвар пароканда гардида, идоракунии мутамаркази соҳа қариб аз байн рафта буд. Аз ин рӯ, дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти соҳа ҳалли вазифаҳои бениҳоят мушкили марҳилаи нави таърихии рушди иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла зарурияти аз нав бунёд намудани инфрасохтори соҳаи нақлиёт ба миён омада буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиётӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, борҳо ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи рушди соҳа супоришҳо дода буданд. Дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Президенти кишвар чунин зикр намуданд (айнан иқтибос меорам):
«Мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиёти ҷумҳурӣ дар шароити куҳсори Тоҷикистон, ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ, ба хусус нақлиёти автомобилӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад. Пайваста инкишоф ёфтани соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққиёти ҳамаи бахшҳои иқтисодии ба он алоқаманд мусоидат карда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтаршавии муҳити иҷтимоиро дар ҷомеъа таъмин менамояд» (Поёни ицтибос).
Дӯстони азиз!
Дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва инфрасохтори он, хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ, инчунин азнавкунии парки воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва боркаши ҷумҳурӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аз ҳадафҳои асосии стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Дар ин раванд, бо саъю талош ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо километр роҳу пулҳо ва инфрасохтори нақлиётӣ бунёд гардида, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт ва ба як кишвари воҳид табдил ёфт.
Айни замон, тибқи маълумоти омории соҳавӣ, дар миқёси ҷумҳурӣ 2275 субъекти хоҷагидори нақлиёти автомобилӣ, ки дар асоси иҷозатнома фаъолият менамоянд, ба қайд гирифта шудаанд. 210 корхонаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 70 мусофирбар, 64 боркаш, 76 омехта (бор+мусофир), инчунин 41 терминали мусофирбар, 6 адад боркаш, 71 таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва 1947 нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва таъмир фаъолият мекунанд. Бояд қайд намуд, ки ин нишондиҳандаҳо дар оғози солҳои 2000-ум ангуштшумор буданд.
Ҳамзамон, аз шумораи умумии 54573 воситаи нақлиёти дар соҳаи иқтисодиёт истифодашаванда 7875 ададро воситаи нақлиёти мусофирбар, 21930 ададро нацлиёти боркаш ва 24768 ададро нақлиёти автомобилии сабукрав ташкил медиҳад.
Бо истифода аз нақлиёти болозикр, дар давоми 6 моҳи соли 2024 ҳаҷми боркашонӣ 19 млн 561,7 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинигардида беш аз 2 млн. тонна зиёд аст.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди самти байналмилалии соҳаи нақлиёт узви 9 конвенсия ва созишномаҳои бисёрҷонибаи байналмилалии Созмони Миллали Муттаҳид гардида, айни замон бо 40 кишвари хориҷии дуру наздик интиқоли молу маҳсулот ва мусофиронро амалӣ мекунад.
Ҷиҳати рушди долонҳои нақлиётӣ, истифодабарии иқтидори транзитии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқолдиҳандагони ватанию хориҷӣ, Тоҷикистон узви якчанд барномаю созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО ООН), Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО), ТРАСЕКА, ҲИМОМ (ЦАРЭС), Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) мебошад.
Ҳамзамон, барои устувор намудани нақши мусофирбарии байналмилалии автомобилӣ дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ кушодани хатсайрҳои нави мусофирбарӣ роҳандозӣ гардида, дар маҷмуъ 30 хатсайри мусофирбарии байналмилалӣ тасдиқ гардидааст.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи дигари стратегӣ — ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат Вазорати нақлиёт конфронсу ҳамоиш ва тадбирҳои дигари сатҳи байналмилалӣ ташкил мекунад. Конфронси «Роҳ ба суи Тиёншон» бо иштироки роҳбарони сатҳи баланди соҳаи нақлиёти зиёда аз 12 кишвари хориҷии дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин ҳамоиши фарҳангӣ дар ноҳияи Мурғоб бахшида ба 20-солагии кушодашавии гузаргоҳи саҳадии «Қулма –Қаросу» бо иштироки роҳбарияти Ноҳияи мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин аз зумраи чунин тадбирҳо мебошанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани он, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии кишвар, ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, таъмини дастрасии умум ба манбаҳои неруи арзон ва боэътимод, Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 қабул гардид, ки мавриди татбиқ қарор дорад.
Барои амалисозии Барнома дар маҷмуъ ба андозаи 228 млн. 916 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ мешавад, ки аз он 1 млн. 390 ҳазор сомонӣ аз буҷети давлатӣ, 6 млн. 156 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби шарикони рушд ва 221 млн. 370 ҳазор сомонӣ аз бахши хусусӣ пешбинӣ гардидааст.
Воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ ба кишвар, ба ҳолати 1 июли соли 2024, зиёда 9104 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 8187 ададро электромобил, 20 ададро автобус ва микроавтобус, 32 ададро воситаҳои нақлиёти барқии боркаш ва 865 ададро воситаҳои махсуси барқии борбардор ташкил медиҳанд. Илова бар ин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба маблағи 9,9 млн.доллар аз ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» 30 адад электробус харидорӣ гардида, мавриди хизматрасонӣ дар пойтахти кишвар қарор дода шуданд.
Ташкили дурусти фаъолияти боркашонию мусофирбарӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ бо пешниҳоди хизматрасониҳои бонизому самарабахш яке аз вазифаҳои муҳими соҳа буда, имрӯзҳо ҳиссагузории ширкатҳои нақлиётии кишвар дар азнавкунии парки воситаҳои нақлиёт, сохтмони инфрасохтори зарурӣ, интиқоли молу маҳсулот ва борҳои таъиноти объектҳои стратегӣ баръало назаррас аст.
Имрўз кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар рушди тамоми соҳаҳо ва ободонии кишвари азизамон саҳми арзанда дошта, бо ташкил намудани корхонаҳои нақлиётӣ ҳазорон нафарро соҳиби ҷои кор кардаанд. Ба низом даровардани ҳаракати нақлиёти боркашу мусофирбар аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ташкили марказҳои логистикӣ дар доираи фаъолияти МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», ба фаъолият оғоз намудани КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» ва «Маркази дипломатияи нақлиётии минтақавӣ» дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи дастовардҳои соҳа мебошанд.
Ҳамкасбони азиз!
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар фазои орому осудаи кишвар кору зиндагӣ ва чунин санаҳои таърихиро, монанди Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ таҷлил мекунем. Ҳамаи ин ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки имрӯз тавассути роҳу пулҳои сохташуда ва созишномаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ ба ҷаҳони мутмаддин роҳ ёфта, Тоҷикистони мо дар араси ҷаҳонӣ эътибори баланд пайдо кардааст. Бубинед, роҳбари яке аз кишварҳои абарқудрати дунё – Чумҳурии Мардумии Чин бори аввал дар таърих мукофоти олии ин давлат Ордени «Дустӣ» — ро берун аз кишвари худ маҳз ба Президенти маҳбуби мо тақдим карданд. Мо бояд ба қадри ин заҳматҳои Сарвари давлат бирасем ва то ҷое метавонем дар рушди кишвар саҳмгузор бошем.
Дӯстони азиз!
Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилиро бори дигар ба ҳама собиқадорон ва кормандони имрӯзаи соҳа самимона табрик гуфта, барои ҳамагон сиҳатмандиву умри бардавом, саодату хушбахтӣ ва аз ҳама муҳим фазои орому осоиштаро дар кишвари азизамон Тоҷикистон орзу менамоям ва дар фаъолияти минбаъдаи пурифтихоратон комёбиҳо таманно дорам.
Умед дорам, ки дар амалӣ намудани вазифаи ба зимаи мо гузошташуда, яъне табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, зиёд намудани ҳиссаи соҳа дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва афзоиш додани содироти бор ҳамаи кормандони соҳаи нақлиёт софдилонаву содиқона саҳм хоҳанд гузошт.
Идатон муборак, ҳамкасбони азиз!