ВОХӮРИИ ВАЗИРОНИ НАҚЛИЁТ ДАР ОСТОНА. Аз рӯи натиҷаҳои он Эъломия ва Ёдошти тафоҳум ба имзо расиданд
Вазирони нақлиёти Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дирӯз, 8 август дар Остона, дар арафаи Мулоқоти VI машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз доир мегардад, бо ҳам вохӯрданд.
Вазирон масъалаҳои мубрами ҳамкориро дар самтҳои гуногун, аз қабили гузаргоҳҳои транзитӣ, логистика ва ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ карданд. Онҳо ба тадбирҳои амалишавандаи кишварҳо оид ба рушди робитаҳои нақлиётӣ дар партави Созишнома дар бораи таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябри соли 2023 дар ҷараёни Мулоқоти қаблии панҷуми машваратии сарони давлатҳои минтақа дар Душанбе ба имзо расида, ба бунёди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, ифтитоҳи марказҳои нави логистикӣ ва густариши шабакаи ҳамлу нақли байналмилалӣ равона шудааст,таъкид намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯриашон роҳбарони мақомоти нақлиётӣ Эъломияи Остонаро имзо карданд, ки ниятҳои тарафҳоро дар таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ таъйид мекунад.
Вазирон инчунин Ёддошти тафоҳумро имзо карданд, ки ба ҳамкории кишварҳо дар доираи фароҳам овардани муҳити мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ равона шудааст.
Имзои ин санадҳо идомаи мантиқии Созишнома дар бораи таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ гардид.
Вазирони нақлиёт пас аз анҷоми вохӯрӣ аз Корхонаи бастабандии электровозҳои Остона дидан намуданд. Намояндагони корхона ба меҳмонон имкониятҳои истеҳсолии локомотивсозии ватаниро нишон доданд.