ДАВЛАТ БА НАҚЛИЁТИ ЭКОЛОГӢ ТАРҶЕҲ МЕДИҲАД. Минбаъд ҳангоми бақайдгирии давлатӣ ба автомобилҳои барқӣ рақамҳои сабз супорида мешаванд

ДАВЛАТ БА НАҚЛИЁТИ ЭКОЛОГӢ ТАРҶЕҲ МЕДИҲАД. Минбаъд ҳангоми бақайдгирии давлатӣ ба автомобилҳои барқӣ рақамҳои сабз супорида мешаванд

Аз ин ба баъд ҳамаи соҳибони мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон ҳангоми бақайдгирӣ дар БДА бояд рақами давлатии сабз гиранд. Дар ин бора 8 августи соли равон дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии (РБДА ВКД) Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзомуродзода хабар дод ва илова намуд, ки рақамҳои сабз барои мошинҳо, мисли рақамҳои муқаррарӣ, 380 сомонӣ арзиш доранд.

Зикр карда шуд, ки чунин талабот мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2024 дар доираи «Барномаи давлатии рушди нақлёети барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» ҷорӣ карда шудааст.

Қаблан аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Консепсияи гузариш ба низоми барқӣ дар нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026» ва қарор дар бораи то 1 сентябри соли 2025  пурра гузаштан ба хизматрасонии мусофирони таксӣ бо истифода аз нақлиёти барқӣ ба имзо расида буданд.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023 ба Тоҷикистон 3316 адад мошини барқӣ ба маблағи умумии 59 миллион доллари ИМА ворид карда шуд. Танҳо дар 6 моҳи аввали соли 2024 ба кишвар 5266 адад мошини барқӣ ба маблағи умумии 76,4 миллион доллар ворид гардидааст, ки ин 26,7 %-и шумораи умумии мошинҳои воридшударо (зиёда аз 19,7 ҳазор адад) ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки «сабзгардонӣ»-и саноати мошинсозии ҷаҳон дигар хабари нав нест. Омор нишон медиҳад, ки фурӯши мошинҳои барқӣ дар саросари ҷаҳон солона 50-70 % меафзояд. Моҳи июли соли равон фурӯши ҷаҳонии мошинҳои барқӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи  соли сипаришуда 21% афзоиш ёфт. Беш аз 1,35 миллион адад мошинҳои барқӣ, аз ҷумла омезаи (ҳибридҳои) пурра барқӣ (BEV) ва пайвастшаванда (PHEV) фурӯхта шуданд.

Бо мақсади дастгирии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон,  чун дар дигар кишварҳо, имтиёзҳо ҷорӣ карда шудаанд. Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2 августи соли 2023, ба кишвар ворид намудани воситаҳои нақлиёти истеҳсолашон то соли 2013 (мавқеҳои молии 8702, 8703, 8704 ва 8705-и Номенклатураи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии ҶТ) манъ карда шуда, тибқи таҳрири нави Кодекси андози ҶТ, ки моҳи марти соли 2022 қабул шудааст, воридоти мошинҳои барқӣ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ ба муҳлати 10 сол озод карда шудааст.

«Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таҳия гардида, бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №532 аз 31 октябри соли 2022 тасдиқ шудааст, андешидани тадбирҳои зеринро пебинӣ менамояд:

— таъсиси замина барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва коллекторҳои (таҷҳизоти барқдиҳии) онҳо;

— бунёди инфрасохтор ҷиҳати таъмини  барқ ва таъмиру нигоҳдории мошинҳои барқӣ;

— коркарди технологияи нобудсозии (утилизатсияи) аккумуляторҳо;

— додани имтиёзҳои иловагӣ ва дигар бартариятҳо ба ронандагони мошинҳои барқӣ;

-ташаккули маҷмӯи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ. 

Дар Барнома зикр шудааст, ки қонеъ сохтани талабот ба намудҳои нави мошинҳои барқӣ тавассути истифодаи иқтидори корхонаҳои хусусии ватанӣ амалӣ карда мешавад. Дар айни замон, ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» истеҳсоли  оммавии намудҳои нави автобусҳои барқӣ, инчунин истеҳсоли бастабандонаи системаҳои дастгирии аккумулятор барои мошинҳои барқиро аз рӯи  усули «мутобиқшавӣ» ба нақша гирифтааст, ки ин имкон медиҳад маҳсулот тибқи талаботи мушаххаси фармоишгар, бо назардошти хусусиятҳои техникӣ, андозагирӣ ва конструктивӣ истеҳсол карда шавад.

Илова бар ин, Тоҷикистон ният дорад дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ истеҳсоли мошинҳои барқии худро ба роҳ монад.

 Тавре Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим дар мулоқот ба хабарнигорон гуфт, «Тоҷикистон яке аз кишварҳои ИДМ аст, ки нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон истеҳсол мекунад. Дар робита ба ин, истифодаи мошинҳои барқӣ дар кишвар аз ҳама ҷиҳат мувофиқ ва самаранок аст. Хусусан дар давраи болоравии нархи сӯзишворӣ. Истифодаи мошинҳои барқӣ на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати экологӣ низ манфиатовар аст, он вобастагии кишварро аз як қатор молҳои воридотӣ коҳиш медиҳад».

Мақоми ваколатдори назорати иҷрои Барнома Вазорати нақлиёти ҶТ мебошад. Ниҳоди мазкур ҳисоботи ҷамъбастиро бо пешниҳодҳо оид ба такмили тадбирҳо ҷиҳати татбиқи Барнома ба Ҳукумати кишвар пешниҳод менамояд.

Барои татбиқи Барнома 228 миллиону 916 ҳазор сомонӣ лозим аст. Маблағгузрии Барнома  дар ҳаҷми 1 миллиону 390 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷет, 6 миллиону 156 ҳазор сомонӣ аз ҷониби шарикони рушд ва 221 миллиону 370 ҳазор сомонӣ аз тарафи бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад.

Дар мавриди «додани  имтиёзҳои иловагӣ ва дигар бартариятҳо», «ташаккули маҷмӯи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ» метавон гуфт, ки додани нишонаҳои рақамии сабзро низ ба ҳамин қатор дохил кардан мумкин аст. Ҳарчанд, ин рақамҳо барои баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи мошинҳои  аз ҷиҳати экологӣ тоза дар роҳҳои мо ҷорӣ карда шудаанд, аммо азбаски муайян кардани  чунин мошинҳо осон аст, рақамҳои сабз инчунин маънои онро хоҳанд дошт, ки давлат метавонад дар оянда ба ронандагони баъзе бартариятҳои дигар низ пешниҳод намояд.

Барои мисол, дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба мошинҳои барқӣ  воридшавӣ ба хати ҳаракати автобусҳо, истифода аз таваққуфгоҳи арзонтар ва  даромадан ба минтақаҳои  аз ҷиҳати экологӣ тоза иҷозат дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки бори аввал 5-6 сол пеш мошинҳои дорои рақами сабз дар роҳҳои Чин ва Конодо  пайдо шуда буданд. Ҳоло таҷрибаи насби рақамҳои сабз дар мошинҳои барқӣ дар тамоми қитъаҳо – дар  Осиё, Амрико, Аврупо ва Африқо ривоҷ пайдо кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *