ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон
Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, рейтингҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав дар нимсолаи аввали соли 2024 беш аз 22 ҳазор адад ё 58 %, равғани растанӣ 3 069 тонна ё 6,6% ва гази моеъ 12 282 тонна ё 5,9% коҳиш ёфт. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.
Дар ин давра воридоти маҳсулоти нафтӣ 73 337 тонна ё 16,2 %, гандум 42 834 тонна ё 10,2 %, орд 17 305 тонна ё 81,7 %, нуриҳои минералӣ 53 975 тонна ё 5,8% ва шакар 33 042 тонна ё 46,2% афзоиш ёфт.
Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия дар шаш моҳи аввали соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 14,1 фоиз афзоиш ёфтааст, иттилоъ дода шуд дар нишасти матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар нимсолаи аввал гардиши мол байни ду кишвар ба 970 миллион доллари ИМА расид ва афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,1 фоизро ташкил дод.
Дар нишасти матбуотии Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ хабар дода шуд, ки Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи қариб як миллиард доллар маҳсулоти ватанӣ содирот кардааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319,2 миллион доллар бештар аст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, борҳо асосан тавассути роҳҳои заминӣ (автомобилӣ ва роҳи оҳан) интиқол дода шудаанд, ки қариб 100% ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад.
Тавре ширкати экспедитсионии нақлиётии Русия ТРАСКО дар сомонаи худ менависад: «Нақлиёти автомобилӣ яке аз усулҳои маъмултарин ва аз ҷиҳати иқтисодӣ афзалиятноки интиқоли бор аз Тоҷикистон мебошад.
Боркашонӣ бо автомобилҳо имкон медиҳад, ки ҳам борҳои хурд ва ҳам борҳои калонҳаҷм интиқол дода шаванд. Яке аз бартариҳои нақлиёти автомобилӣ қобилияти расонидани бор «аз дар ба дар» мебошад, ки раванди фиристодан ва гирифтани борро барои муштарӣ осон мегардонад».
***
Ширкати мошинсозии Чин BAIC бо оғози бошукӯҳ ба бозори Тоҷикистон ворид шуд. Вай яке аз даҳ истеҳсолкунандаи муваффақтарини мошинҳо дар Чин аст.
Соли гузашта BAIC беш аз якуним миллион адад мошин фурӯхтааст.
BAIC – ин асосан мошинҳои бесадо ва боэътимод мебошанд.
Дар марокизи дилерӣ метавон модели кулаи сафар дар шаҳрро интихоб кард.
***
Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва асфалтпӯш кардани роҳҳои дохилӣ фаъолона идома доранд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дод.
Асфалтпӯш кардани кӯчаи Ҳайдар Усмонов дар маҳаллаи Сирдарё ва кӯчаи Гагарин оғоз пазируфт. Корҳо дар доираи Барномаи ободонии умумиҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, гузаронида мешаванд.
***
Филиали ширкати Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чанок» якчанд истгоҳҳои нави барқпуркунии электромобилҳоро насб мекунад.
Тавре ширкат хабар дод, ин нуқтаҳо дар километрҳои 11 ва 15-уми ноҳияи Варзоб, километрҳои 107 ва 130-уми ноҳияи Айнӣ, километри 284-уми ноҳияи Ҷаббор Расулов, километри 300-уми Хуҷанд ва километри 322-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир хоҳанд шуд.
Барои татбиқи лоиҳа ширкат аз Чин 60 дастгоҳи тавоноии ҳар кадоме 180 киловатт интиқол дод. Ҳар як нуқтаи хизматрасонӣ метавонад дар як вақт то 20 мошинро бо барқ пур кунад.
***
Дар ҳудуди МОИ «Суғд» сохтмони корхонаи нави истеҳсоли мотороллерҳои барқӣ идома дорад. Ин воситаи нақлиёти муосир бо истифода аз металле, ки дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мегардад, сохта мешавад. Муҳаррикҳо ва таҷҳизоти дигар аз хориҷа ворид карда мешаванд.
***
13 августи соли 2024 Дар Душанбе мулоқоти роҳбарони провайдерҳои хадамоти аэронавигатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.
Дар мулоқот имкониятҳои корхонаҳо, ҳамкории минбаъда ва нақшаи тадбирҳо оид ба рушди он муҳокима карда шуданд. Сипас Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва КВД «Узаэронавигатсия» ба имзо расид.
«Талошҳои муштараки мо ба баланд бардоштани сифат ва бехатарии аэронавигатсия нигаронида шудаанд, ки омили асосии таъмини алоқаи устувор ва бехатари ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад. Мо итминон дорем, ки табодули таҷриба ва технология имкон медиҳад, ки дар ин самт ба қуллаҳои нав бирасем», — гуфт директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Лоик Бегиджонзода.
ДАР МИНТАҚА
Ҷопон ният дорад, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушди устувори иқтисодӣ кӯмак расонад. Дар ин бора Агентии давлатии иттилоотии Қазоқистон Kazinform бо истинод ба The Japan times хабар медиҳад.
Ширкатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар Форуми тиҷоратӣ, ки 9 августи соли 2024 дар Остона баргузор шуд, 22 санади ҳамкорӣ имзо карданд. Ҳуҷҷатҳои имзошуда ба соҳаҳое чун энергетика ва экология, нақлиёт ва логистика, рақамисозӣ, маориф, мошинсозӣ, тиб ва сайёҳӣ иртибот доранд.
Дар форум зиёда аз 350 ширкат аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Ҷопон иштирок карданд
***
13 августи соли 2024 дар ҷаласаи палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Узбекистон, вакилон лоиҳаи қонунро дар бораи нақлиёти роҳи оҳан, ки ба танзими муносибатҳо дар ин соҳа равона шудааст, муҳокима карданд.
Лоиҳаи қонун бо мақсади фароҳам овардани муҳити солими рақобат, ҷалби бахши хусусӣ ба соҳа, бартараф сохтани инҳисори (монополияи) нақлиёти роҳи оҳан ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои интиқолдиҳандагон ва нозирони вагонҳо (контейнерҳо) — ро муайян мекунад.
ДАР ҶАҲОН
Чанде пеш дар Пекин Корпоратсияи давлатии шабакаҳои барқи Чин ду истгоҳи барқпуркунандаи фавқулсареъ (аз ҳад зиёд тезкор) — ро барои мошинҳои барқӣ ба истифода дод, менависад рӯзномаи «Жэньминь жибао».
Истгоҳҳо бо дастгоҳҳои барқпуркунандаи тавоноияшон зиёда аз 400 кВт, аккумуляторҳо барои барқпуркунии зуд ва таҷҳизоти сардкунанда муҷаҳҳаз карда шудаанд. Иқтидори ҳар кадом истгоҳи барқпуркунандаи баландсуръат то 300 мошин дар як шабонарӯз аст.
***
Корпоратсияи «Honda»-и Ҷопон фаъолияташро дар ду корхонаи истеҳсоли мошинҳои бо бензин коркунанда дар Чин қатъ мекунад, зеро дар он ҷо дар шароити рақобати шадид талабот ба мошинҳои барқии истеҳсоли Чин ба таври назаррас зиёд мешавад. Дар ин бора шабакаи телевизионии NHK иттилоъ дод.
Гуфта мешавад, ширкати ҷопонӣ то имрӯз дар Чин шаш корхона дорад. Яке баста мешавад, дигаре корашро бозмедорад. Ин корхонаҳо метавонанд дар як сол дар маҷмӯъ 290 ҳазор адад мошини бо бензин коркунанда истеҳсол кунанд.
Ҳамзамон, корпорасия ният дорад, ки дар Чин ду корхонаи истеҳсоли мошинҳои барқиро ба кор дарорад.
***
Президенти тозаинтихоби Мексика Клаудия Шейнбаум дар бораи нақшаи сохтмони беш аз 3 ҳазор км роҳи оҳан дар давоми шаш соли оянда, ки раҳбарии давлат ба зимааш хоҳад буд, изҳор дошт. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
«Яке аз қарорҳое, ки ман қабул кардам, ин аст, ки мо сохтмони роҳи оҳани мусофирбарро дар саросари кишвар идома медиҳем. Мақсад аз он иборат аст, ки дар шаш соли оянда 3 ҳазор км роҳ барои қатораҳои мусофирбарӣ сохта шавад», — гуфт Шейнбаум дар нишасти матбуотӣ.
***
Беш аз 40 ҳазор адад нақлиёти ҷамъиятӣ дар Русия то соли 2030 дар доираи лоиҳаи федеролии «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ»-и Барномаи миллии «Инфрасохтор барои зиндагӣ» нав карда мешаванд.
Тавре ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар Форуми нақлиётии Сибир раиси шӯрои коршиносони Вазорати нақлиёти Русия иид ба мониторинг ва арзёбии сифати таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии нақлиётии субъектҳои Русия, директори департаменти сиёсати давлатӣ дар соҳаи нақлиёти мусофиркашонии автомобилӣ ва шаҳрӣ Сергей Семенов хабар дод.
***
Дар моҳи июл брендҳои Чин 11% бозори аврупоии мошинҳои барқиро ишғол карданд ва ба нишондиҳандаи рекордӣ расиданд. Дар ин бора Bloomberg хабар медиҳад.
Дар ин роҳ SAIC Motor, ки хэтчбеки MG4-и худро ба миқдори зиёд ба дилерҳо мерасонад, пешсаф аст, Дар давоми як моҳ брендҳои чинӣ дар саросари минтақаи Аврупо зиёда аз 23 ҳазор мошинҳои барқӣ ба қайд гирифтанд.
Истеҳсолкунандагони Чин кӯшиш карданд, ки таъсири манфии боҷҳои шадиди Иттиҳоди Аврупо (ИА)-ро, ки дар аввали моҳи июл эътибор пайдо карданд, бартараф кунанд. Бояд зикр кард, ки боҷҳои ИА ба SAIC Motor 38% пардохти иловагӣ зам кардааст.
***
Дар Русия 1 августи соли 2024 озмоиш оид ба ташкили Платформаи миллии рақамии нақлиётӣ-логистикӣ (НЦТЛП) оғоз ёфт, ки дар асоси ихтиёрӣ то 1 июни соли 2025 идома меёбад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия. Қарор дар бораи гузаронидани озмоиш 3 июли соли 2024 ба имзо расид.
Назоратчии платформаи рақамӣ Вазорати нақлиёти Русия муайян карда шудааст, низоми мазкурро муассисаи давлатии федералии «Маркази вазъиятӣ-иттилоотӣ» — и Вазорати нақлиёти Русия амалӣ мекунад. То 15 июли соли 2025 вазорат дар якҷоягӣ бо мақомоти ваколатдор натиҷаҳои давраи таҷрибаро арзебӣ намуда, ба Ҳукумати ФР ҳисобот пешниҳод мекунад.