РОҲСОЗИЮ РОҲДОРӢ АЗ СУННАТҲОИ ҚАДИМАИ МАРДУМИ МОСТ. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи роҳсозон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

РОҲСОЗИЮ РОҲДОРӢ АЗ СУННАТҲОИ ҚАДИМАИ МАРДУМИ МОСТ. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи роҳсозон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Боғи роҳиоҳанчиёни пойтахт  ба муносибати Рӯзи роҳсозон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҳозиринро ба ин муносибат Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим шодбош гуфт.

 Сипас аз номи собиқадорон собиқ Вазири нақлиёт Фаррух Муҳиддинов ва аз номи соҳибкорон, ки аз ҳисоби худ роҳу пулҳо сохтаанд, соҳибкор аз шаҳри Конибодом Кимёхон Азизова суханд карданд.

 Дар охир барои саҳми арзанда гузоштан дар сохтмону таҷдиди роҳҳо ба яқ қатор фаъолони соҳаи роҳу нақлиёт ва роҳбарону соҳибкорони вилоят ва  шаҳру ноҳияҳо медали «Барои саҳмгузорӣ», нишони сарисинании «Роҳсози фахрӣ» ва Сипосномаю Ифтихорномаи Вазорати нақлиёт супорида шуд. 

Дар зер матни суханронии Вазири нақлиёт пешкаш мешавад.

Роҳсозону роҳдорони зафарманди кишвар!

Боиси хурсандист, ки иди касбии роҳсозони кишвар ба рӯзҳое рост омадааст, ки дар сарорсари кишвар ҷашни барои ҳамаамон пурифтихору муқаддаси Истиқлоли давлатӣ ботантана ҷараён дорад ва бо иштироки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои озоду осуда ҳар рӯз, дар ҳар гӯшаи Тоҷикистони азизамон иншооти наву замонавӣ баҳри хизмати мардум мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.  Мо ифтихор аз он дорем, ки дар заминаи ин ҷашн муққадас идҳои касбӣ низ таҷлил мегарданд.

Роҳсозону роҳдорони шарафманди кишвар!

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, роҳсозию роҳдорӣ аз суннатҳои қадимаи мардуми мо ба ҳисоб меравад. Ба ҷашни Истиқлоли кишвар рост омадани иди касбии роҳсозон ҳам басо рамзист. Зеро бунёди давлатдории нав бо сохтмону таҷдиду роҳҳо оғоз гардид. Аз ин хотир ҳамаи шуморо бо ин санаи муқаддас самимона табрик гуфта, бароятон қабл аз ҳама тансиҳатии аҳли хонадон, тавфиқу барор дар пеш бурдани фаъолитяи корӣ ва фазои тинҷу ороми кишварро таманно дорам. 

Ҳозирини арҷманд!

Дар зарфи 33 сол мардуми кишварамон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ суботкорона пеш рафта, ба дастовардҳои беназир шарафёб гардиданд. Дар қатори дигар соҳаҳо маҷмааи роҳу нақлиёт низ дар ин муддат ба дастовардҳои арзанда ноил гашт. Зеро дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар Сарвари давлат бо азми қавӣ сохтмон ва таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти инфрасохтори роҳдориро аз ҳадафҳои асосиву афзалиятнок дониста, гуфта буданд: «Яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Ин мушкилотро мо дар солҳои Истиқлоли кишварамон ба таври амиқ эҳсос намудем. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст».

 Ин буд, ки ҳанӯз дар авҷи даргириҳои мусаллаҳона, солҳои  аввали соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва рощнамоии бевоситаи  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои сох­тмони шоҳроҳи «Мурғоб – Чин»-  тавассути ағбаи Қулма ва роҳи оҳани «Бохтар (Қӯрғонтеппа) – Кӯлоб»  тарҳрезӣ гардид, ки мавриди истифода қарор додани онҳо ва минбаъд сохтмону таҷдиди роҳҳои дигари байналмилаливу дохилӣ дар таъмини аҳолии кишвар бо озуқа ва барқарорсозии сулҳу субот нақши ҳалкунанда бозиданд.

Бо ибтикор ва  ҳидояти Пешвои муаззами миллат ин ҳадафҳо марҳила ба марҳила  амалӣ гардида, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» Сарари давлат бо ҳисси ифтихор эълон доштанд, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ раҳо ва ба як кишвари воҳид табдил ёфт.

Дар замони соҳибистиқлолии давлат зиёда аз 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд, ки моро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайваст намудаанд. То ба имрўз бо ҷаҳду талош ва дастгирию кумаки ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Шарикони Рушд аз ҷониби Вазорати нақлиёт лоиҳаҳои кумаки техникӣ амалӣ ва ба муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ техникаю таҷҳизоти пуриқтидору замонавӣ дастрас гардидаанд.

  Бояд гуфт, ки роҳҳо ва пулҳои сохтаамон барои барқарор ва мустаҳакам намудани ваҳдату якпорчагии тамоми минтақаҳои мамлакат нақши калидӣ  бозиданд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифта, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ҳазорҳо километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду азнавсозии пулҳои зиёд  ба анҷом расидааст.

Бо ҳидояту дастгирии Роҳбарияти олии кишвар мо, роҳсозону роҳдорон тасмими гирифтаем, ки   бо амалисозии ҳадафҳои муайянкардаамон дар панҷ – шаш соли оянда ҳамаи роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мамлакатро ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем.

Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз доштанд: «Бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафи дигари стратегиамон – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқамонро таъмин намоем».

 Дӯстони азиз!

Бояд зикр кард, ки дар баробари сохта, ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин дар сохтори Вазорати нақлиёт 6 муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автмобилгард» ва 64 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар  фаъолият мекунанд, ки ба нигоҳубини роҳҳо машғуланд. Ҳамаи роҳҳои дар тавозуни Вазорати нақлиёт қарордошта 14314 километрро ташкил дода, аз онҳо  3383,5 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 2184 км роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 8746,5 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд. Роҳдорони кишвар барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо ва таъмин намудани ҳаракати бемонеа дар ҳама фаслҳои сол  шабонарузӣ дар сари роҳ қарор доранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи заҳматҳое, ки баҳри ободониву созандагӣ кашида мешаванд, бе  таваҷҷуҳ ва қадрдонӣ намемонанд. Чун ҳарвакта як гурӯҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, ки дар рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тогҷикистон  бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд ва дар қатори онҳо  чанд нафар  намояндагони соҳаи роҳу нақлиёт низ ҳастанд, ки ин боиси  ифтихори мост.

Дар соҳаи роҳу нақлиёт низ ин анаъани нек идома дошта, ҳамасола ба ифтихори иди касбӣ ва барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди  соҳаи роҳу нақлиёт кормандони фаъоли соҳа бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз  гаштаанд, ки ин замина барои қадрдонӣ намудан бо мукофотҳои давлатӣ мебошад.

 Қобили зикр аст, ки дар қатори мардон бонувон  дар рушду нумӯи соҳаи роҳдорию роҳсозӣ саҳми назаррас доранд.

Ҳамкорони арҷманд, кормандони  соҳаи роҳсозии кишвар!

Барои меҳнати самарабахш ва ҳиссаи арзандаатон дар таҳкими музаффариятҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба якояки шумо ташаккури бепоён баён намуда,  та­манно дорам, ки ба хотири бунёди ояндаи дурахшон дар мубориза ба муқобили ҳама гуна ҷараёнҳои барои миллати мо бегона фаъол­тар гардида, барои ободонии роҳҳои кишвар, хизматрасо­нии бехатару  босифат барои халқ ва таъми­ни осудагии Ватанамон боз ҳам бештар кӯшиш намоед.

Бори дигар Иди Истиқлоли кишвар ва Рӯзи роҳсозонро бароятон табрик мегӯям!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *