Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот кард

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот кард

11 ноябри соли 2024 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин  мулоқот кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба вақт ва макони баимзорасонии Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ дар таҳрири нав, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2024, №390 маъқул дониста шудааст, инчунин мубодилаи рухсатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалии бор баррасӣ гардиданд.

 Ҳамзамон, бо мақсади татбиқи стратегияи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба раҳо ёфтан аз  бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ ҷонибҳо густариши долонҳои байналмилалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» ва «Чин – Тоҷикистон – Афғонистонро»-ро барои интиқоли борҳо муносиб арзёбӣ намуда, аз идомаи корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди “Душанбе –  Кулма – қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон”, “Рӯшон – Варшез” ва “Варшез – Кулма”» ба мувофиқа расиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи лоиҳаи сохтмони роҳи мазкур 93 км роҳ, 2 адад нақб бо дарозии умумии 5,2 км, 5 адад долони зидитармавӣ бо дарозии умумӣ 602 метр, 15 адад пул бо дарозии умумии 633 метр, 21 850 метр деворҳои ҳимоявӣ, 151 адад иншоотҳои сунъӣ ва  ғайра бунёд мегарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *