ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ НАТИҶАҲОИ ОЗМУНРО ҶАМЪБАСТ НАМУД. Беҳтарин корхонаҳо, терминалҳо ва ронандагон муайян ва қадрдонӣ карда шуданд
Дар ҳошияи мулоқоти Вазири нақлиёт бо роҳбарони ширкатҳо ва корхонаҳои нақлиётии кишвар, ки 30 ноябр дар Душанбе баргузор гардид, ғолибони озмуни «Беҳтарин корхонаҳо ва терминалҳои нақлиётӣ, ронандагон ва логистҳо» дар соли 2024 номбар шуданд. Дар ҳошияи мулоқоти Вазири нақлиёт бо роҳбарони ширкатҳо ва корхонаҳои нақлиётии кишвар, ки 30 ноябр дар Душанбе баргузор гардид, ғолибони озмуни «Беҳтарин корхонаҳо ва терминалҳои нақлиётӣ, ронандагон ва логистҳо» дар соли 2024 номбар шуданд.
Дар ҷараёни озмун беҳтаринҳо аз ҷониби комиссия аз рӯи панҷ номина – «Корхонаи беҳтарин оид ба мусофиркашонӣ», «Корхонаи беҳтарин оид ба боркашонӣ (байналмилалӣ)», «Терминали беҳтарин оид ба мусофиркашонӣ», «Терминали беҳтарин оид ба боркашонӣ» ва «Ронандаи беҳтарин» муайян гардиданд.
Ҳамин тавр беҳтарини беҳтаринҳо аз рӯи натиҷаҳои озмун инҳо эълон карда шуданд:
КОРХОНАИ БЕҲТАРИН ОИД БА МУСОФИРКАШОНӢ:
Автобусҳо:
Ҷои якум: ККВД «Автобус 1»-и шаҳри Душанбе;
Ҷои дуюм:ККВД «Бохтарнақлиётхизматрасон»-и шаҳри Бохтар;
Ҷои сеюм:« Нақлиёти мусофирбари Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд.
Микроавтобусҳо:
Ҷои якум:ҶДММ «Муҳаммаҷон Д»-и шаҳриДушанбе;
Ҷои дуюм:ҶСК «Сайёр»-и шаҳри Хуҷанд;
Ҷои сеюм: ҶДММ «Бидруд»-и ноҳияи Шуғнон.
В/н сабукрав (такси):
Ҷои якум: ҶДММ «Олуча авто»-и шаҳри Душанбе;
Ҷои дуюм: ҶДММ «Чархи Иқбол»-и шаҳри Душанбе.
Ҷои сеюм: ҶДММ «Инноватсияи ояндасоз»-и Хуҷанд»
КОРХОНАИ БЕҲТАРИН ОИД БА БОРКАШОНӢ:
Боркашонии байналмилалӣ
Ҷои якум: ҶДММ «Суғд логистик»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
Ҷои дуюм: ҶДММ «Усмон транспорт»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
Ҷои сеюм: ҶДММ «Азия Транс»-и шаҳри Душанбе.
ТЕРМИНАЛИ БЕҲТАРИН ОИД БА МУСОФИРКАШОНӢ:
Ҷои якум: ҶСП «Холдинг Азия Групп Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе;
Ҷои дуюм: «Терминали мусофиркашонии Кӯлоб»-и шаҳри Кулоб;
Ҷои сеюм: «Терминали Роҳи Абрешим»-и шаҳри Хуҷанд.
ТЕРМИНАЛИ БЕҲТАРНИН ОИД БА БОРКАШОНӢ:
Ҷои якум: ҶСП «Тоҷиквнештранс»-и шаҳри Душанбе;
Ҷои дуюм: терминали наздисарҳадии «Турсунзода»-и шаҳриТурсунзода;
Ҷои сеюм: терминали наздисарҳадии «Саразм»-и шаҳри Панҷакент.
РОНАНДАИ БЕҲТАРИН:
Ҷои якум: Саидбегим Ҳусейнова – ронандаи КВД «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе;
Ҷои дуюм: Маҳатмумин Кодиров – ронандаи ҶДММ «Файзимо и Мадина»-и шаҳри Душанбе;
Ҷои сеюм: Рустам Бобоев – ронандаи ҶДММ «Ҳулбук-Тиҷорат»-и шаҳри Душанбе.
Ҳамаи соҳибони се ҷойи аввал дар номинаҳо бо Дипломҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Мукофотро ба беҳтарин намояндагони соҳа Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим супорид.
Бояд зикр кард, ки Вазорати нақлиёт фаъолияти интиқолдиҳандагони пойтахт ва минтақаҳои кишварро пайваста назорат ва ба кори онҳо, аз ҷумла, мунтазам тавассути озмун баҳо медиҳад. Ҳангоми муайян кардани ғолибон чунин меъёрҳо ба эътибор гирифта мешаванд: интиқоли мусофирон ва боркашонӣ бо риояи барнома, ҳаҷми мусофикашонӣ ва боркашонӣ, мувофиқати воситаи нақлиёт ба параметрҳои техникӣ, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, фарҳанги ронандагӣ.
Барандагони мавқеҳои беҳтарин, ки талаботи заруриро оид ба таъмини бароҳатӣ ва бехатарии ҳамлу нақл иҷро кардаанд, қадрдонӣ мешаванд ва кори корхонаҳое, ки мавқеҳои охиринро ишғол кардаанд, аз ҷониби Гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони Вазорати нақлиёт, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назорат баррасӣ карда мешавад.