
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ СУРЪАТ БАХШИДА ШАВАД.
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ СУРЪАТ БАХШИДА ШАВАД. Чунин супориш доданд Сарвари давлат ба Вазорати нақлиёт дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ба вазорату идораҳо супориш доданд, ки ба масъалаҳои ташаккули «иқтисоди сабз», раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2024 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян карда шуданд.
Дар маҷлис саравввал ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2024 шунида шуд. Гуфта шуд, соли 2024 дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар як қатор пешравиҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ба даст омаданд.
«Дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти кишвар рушди иқтисодиёт дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд», — изҳор дошт Сарвазири мамлакат.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 154,3 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 ба андозаи 22,6 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
Таваррум дар сатҳи 3,6 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба як соли пеш 0,2 банди фоизӣ кам мебошад.
Соли гузашта нақшаи қисми умумии даромади буҷети давлатӣ иҷро гардида, воридоти маблағҳо ба буҷет 46,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
Сипас роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, аз ҷумла Раиси Бонки миллӣ, Прокурори генералӣ, вазирони молия, рушди иқтисод ва савдо, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Раиси палатаи ҳисоб, Раиси Кумитаи андоз, Сардори Хадамоти гумрук, Директори Агенгтии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа¸ раисони шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва дигарон аз фаъолияти солона дар қаламрав ва соҳаҳои зери назораташон гузориш доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2024 бо таҳлилҳо суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро муваззаф намуданд, ки фаъолияти худро вусъат бахшида, суръати рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Супориш дода шуд, ки дар ин ҷода, хусусан, ба масъалаҳои ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Сарвари давлат, аз ҷумла, ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки барои суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёт, роҳандозии инфрасохтор барои нақлиёти барқӣ чораҳои бетаъхир андешад.
Президенти кишвар истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа номиданд.
Таъкид гардид, ки дар соли 2024 бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронии Ҳукумат ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ аз шарикони рушд беш аз 16 миллиард сомонӣ грант ва қарзҳои имтиёзнок ҷалб карда шуд.
Сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки иҷрои барномаҳои муштараки ислоҳотро бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ сари вақт таъмин намуда, барои идома додани раванди ҷалби маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии буҷети давлатӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми пурраи пардохтҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои мухталифро Президенти кишвар талаби қатъии рӯз номиданд. Таъкид гардид, ки барои вусъат бахшидани ин равандҳо солҳои 2025 — 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуд. Ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки баҳри амалӣ намудани ин иқдом нақшаи мукаммали амалро қабул ва татбиқ намояд.
Дар робита ба масъалаҳои ҳалталаби гузариш ба низоми рақамӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани як қатор тадбирҳоро зарур шумурданд. Аз ҷумла, вазорату идораҳо дар муҳлати се моҳ ба низоми байниидоравии ҳамгироии иттилоотӣ ба таври ҳатмӣ бояд пайваст шаванд, вазорату идораҳои хизматрасон то ташаккул додани махзанҳо барои анҷом додани раванди фаъолияти дахлдор аз имконияти низомҳои дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ташаккулёфта истифода намоянд ва Дастгоҳи иҷроияи Президент ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъмин намудани фаъолияти самараноки «ҳукумати электронӣ» гардиши пурраи электронии ҳуҷҷатҳоро аз 1-уми июли соли 2025 ба роҳ монанд.
Ба Ситоди ҷумҳуриявӣ супориш дода шуд, ки оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда чораҳои фаврӣ андешад.